Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Туркманистон

Пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол “Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” гузошта шудааст.

Моҳи феврали соли 1995 дар Ашхобод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.

Аз сараввал пойдевори муносибатҳои дуҷониба ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бо назардошти манфиатҳои ҳарду кишвар асос меёфтанд ва имрӯз алоқаи байни кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва ғ. бомуваффақият густариш меёбад. Хусусияти хоси ҳамкориҳои дуҷониба ин ҳузури ҳамешагии руҳияи эътимоди мутақобила, мувофиқати том ё наздикии мавқеи ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии дорои хислати аҳаммияти мутақобила мебошад.

Тамосҳои сиёсии байни ду кишвар дар даврони истиқлолият бо мулоқотҳои сершумори расмӣ ва кории президентҳо, аъзоёни ҳукуматҳо ғанӣ гардонида шудаанд ва натиҷаи ин тамосҳо, бешубҳа усул ва ҷараёни инкишофи муносибатҳои дуҷонибаро муайян кардаанд. Дар доираи вохӯриҳои мунтазами сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ мегаштанд, инчунин самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян мегардиданд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.

Соли 2013 гардиши савдои байни ду кишвар 119,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ, Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ маҳсуб мегарданд. Байни кишварҳои мо шарикии муваффақона дар соҳаи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти сафари ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар, ки январи соли 1993 ба вуқӯъ пайваст, бастаи санадҳое ба имзо расид, ки танзими паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ фаро мегиранд.

Июли соли 1995 бинобар даъвати Президенти Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ш.Ашхобод ташриф оварда буд. Дар ҷамъбасти он сафар Изҳороти муштарак қабул гардид ва як қатор санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.

Апрели соли 1999 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сурат гирифт, ки зимни он роҳбари кишвар дар кори ҷаласаи Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Мақсади мулоқоти «Саммити Ашхобод» муайян кардани ҳадафҳои ҳамкориҳои минбаъда, ки ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидаанд, ба ҳисоб мерафт.

Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи Сарони давлатҳо ба шумор меравад.

Аввалҳои октябри соли 2007 сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт ва декабри ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон ташриф овард. Сафарҳои мазкур, бешубҳа самтҳои авлавиятноки ҳамкориро муайян намуданд ва ба рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таҳрик бахшиданд.

Декабри соли 2007 дар ҳошияи сафари расмии худ ба Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавии ифтитоҳи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда, инчунин дар Конфронси байналмилалии «Дипломатияи боздоранда ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» иштирок намуд.

Дар ҳошияи робитаҳо дар сатҳи олӣ соли 2009 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ба вуқӯъ пайваст. Натиҷаи ин сафар муколамаи арзишманди сарони ду кишвар вобаста ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ва имзои санадҳои дуҷониба, аз ҷумла Созишнома оид ба Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ ба шумор мерафт.

Марти соли 2010 сафари расмии навбатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт, ки он ба фаъол гаштани робитаҳои дуҷониба такони тозае бахшид.

Дар чаҳорчӯбаи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ 3 сентябри соли 2011, сафари кории Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни ин сафар вохӯрии сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов анҷом ёфт.

22-24 августи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди расмӣ ба Туркманистон ташриф овард. Дар рафти он сафар як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расид, ки ба фаъол гардонидани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи минбаъда, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавӣ равона гардидааст.

Дар ҳошияи таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» дар ш. Ашхобод (марти соли 2013), ки бо иштироки президентони 10 кишвари олам баргузор гашт, аз ҷониби Роҳбарони се кишвар – Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва Афғонистон – Ҳомид Карзай санади сеҷониба таҳти унвони «Ёддошти тафоҳум байни Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»» ба имзо расид. Татбиқи лоиҳаи мазкур марҳилаи муҳим дар рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиё хоҳад буд. Дар сурати татбиқ гаштани ин лоиҳа Тоҷикистон имконияти диверсификатсияи масирҳои нақлиётии худро ба даст меорад, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишврҳои иштироккунандаи ин лоиҳа мусоидат хоҳад кард. Тавассути ин тарҳ имкони бунёд ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд ва табодули мол афзоиш меёбад, инчунин ба ҷалби сармояи хориҷӣ такони тоза бахшида хоҳад шуд.

5 июни соли 2013 дар шаҳри Атамуроди Туркманистон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон доир гардид.

Бо мақсади фаъолсозии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ва истифодаи пурраи иқтидори васеи ду кишвар, аз соли 2008 то 2014 панҷ ҷаласаи Комиссияи муштараки байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ гузаронида шудаанд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, иқтисод, энергетика, саноат, алоқа, кишоварзӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин масъалаҳои уҳдадориҳои қарзӣ ва талаботҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ, бо ташаббуси сарони давлатҳо соли 2010 дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон гузаронида шуданд. Моҳи июни соли 2013, дар арафаи баргузории маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, дар Ашхобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо иштироки ҳайатҳои эҷодии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом пазируфт. Инчунин намоиши китобҳо ва масолеҳи кишоварзӣ барпо гардиданд.

27 январи соли 2013 аз барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон 20 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар шаҳрҳои Душанбе ва Ашхобод чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштироки аҳли адаб аз Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардиданд, ҳамзамон конфронсҳои илмӣ, намоишгоҳҳои бадеӣ, фурӯши масолеҳи нассоҷӣ ва ғ. ташкил карда шуданд. Ба ин рӯйдод Рӯзҳои синамои Туркманистон дар Тоҷикистон бахшида шуда буд. Ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар вилоятҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо муваффақият доир гашт.

Дар маҷмӯъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи кишварҳо баҳри ҳамкории бисёрҷабҳа дар асоси иқтидорҳо ва талаботҳои ҳарду кишвар ба мушоҳида мерасад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj