Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Украина

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардиданд.

Санади муҳиме, ки муносибатҳои дуҷониба бар он асос ёфтаанд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина (6 июли соли 2001) мебошад. Принсипҳои поягузори муносибатҳоро эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣҳангоми муҳокима ва ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дарбар гирифта, давлатҳо аз мавқеи якдигар пайваста пуштибонӣ менамоянд.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатњои Тоҷикистону Украинаро зиёда аз 80 санад ташкил медиҳад, ки самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишварро фаро мегирад.

Боздидҳои мутақобилаи расмию кории роҳбарони ҳарду давлат дар рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина нақши хоса доранд:

5-6 июли соли 2001 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Украина анҷом пазируфт.

8-10 апрели соли 2003 сафари кории Президенти Украина Л.Кучма ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

6-7 марти соли 2008 ташрифи расмии Президенти Украина В.Юшенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

3-5 декабри соли 2008 ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Украина анҷом дода шуд.

3 сентябри соли 2011 дар Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон бо Президенти Украина В.Янукович дар доираи саммити ИДМ баргузор шуд.

15-16 декабри соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Украина анҷом пазируфт.

2 июли соли 2012 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Украина сурат гирифт.

Дар чорчўбаи сафарҳои мазкур масъалаҳои калидии ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Украина дар самти тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима шуда, як қатор ҳуҷҷати густаришдиҳандаи соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расиданд.

Заминаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Украинаро созишномаҳо “Оид ба принсип ва самтҳои ҳамкории иқтисодӣ”, “Оид ба савдои озод”, “Оид ба ҷалб ва ҳифзи мутақобилаи маблағгузорӣ” ташкил медиҳанд.

Ҷузъи муҳими ҳамоҳангсози таҳкимкунандаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад, ки соли 2002 таъсис дода шудааст.

Дар протоколҳои баимзорасидаи ин Комиссия тавофуқҳои муҳим оид ба таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, дар соҳаи сохтмони иншооти нави энергетикӣ ва таҷдиди иншооти мавҷуда, лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии гармидиҳанда дар заминаи конҳои ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорони украинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла, оид ба истеҳсоли таҷҳизотҳои гуногуни барқӣ, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ инъикос гардидаанд.

Украина яке аз мавқеъҳои пешбарандаро дар муомилоти воридотию содиротӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад. Номгӯи асосии воридот аз Украина ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти консервашуда, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, маводи доруворӣ, семент, гилхок, ангишт, кокс, пек, нафт, корунди сунъӣ, оксиди алюминий, гидрооксиди алюмин, муҳаррикҳо ва генераторҳо, гидротурбинаҳо, коғаз, масолеҳи сохтмон, маснуоти металлӣ, таҷҳизоти маишӣ, техникаи хоҷагии қишлоқ, тракторҳо, вагонҳои роҳи оҳан, мебел ва фурнитура мебошад.

Маводи асосии содирот аз Тоҷикистон ба Украина нахи пахта, маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, мева, сабзавот ва меваи хушк мебошанд.

Дар солҳои охир ҳамкории байниминтақавии ду давлат ривоҷу равнақ ёфт. Байни вилоятҳои Хатлон ва Харков, Хатлон ва Луганск, Суғд ва Днепропетровск ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ ба имзо расиданд.

Инчунин, ташрифҳои мутақобилаи намояндагони муассисаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ ба Тоҷикистон ва Украина сурат гирифтанд.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ афзоиш ёфта истодааст.

Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои давлатӣ ба мактабҳои олии Украина дохил мешаванд.

Робитаҳо байни олимони ду давлат тавсеа ёфта истодаанд. Солҳои охир ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Украина самаранок густариш меёбад.

Дар Тоҷикистон ва Украина гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ, ки ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкории фарҳангии ҳарду давлат равона карда шудааст, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.

Тоҷикистон ва Украина инчунин ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj