Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардидааст. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.

Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориҳоро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорию иқтисодӣ ва ғайра заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.

Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 мебошанд.

Дар ин санадхо байни тарафхо асосҳои муносибатҳои дутарафа муайян карда шуда, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти якдигар, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корхои дохилии якдигар, ҳаракат ба робитаҳои иқтисодии мутақобила таҷассум ёфтаанд.

Вохӯриҳои дуҷониба, ки пайваста дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ҷиҳати густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд.

Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Каримов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи июни соли 2000) ҳамчунин аз аҳамияти хоса бархурдор буд. Боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон (декабри с. 2001) ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳарду кишвар такони тоза бахшид.

Баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷорию иқтисодӣ ва масъалаҳои сарҳадӣ (августи с.2002 ва феврали с.2009) гувоҳи он аст, ки раванди муносибатҳои ҳарду кишвар тамоюли густаришёбандаро ба худ касб менамояд. Аҳамиятнокии ҷаласаҳои мазкур дар он ифода мегардад, ки мушкилиҳои дар муносибатҳои тарафайн ҷойдошта таъкид гардида, роҳҳои ҳалли он муайян карда мешаванд. Аз ҷумла, дар рафти ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои электроэнергетика, хоҷагии об, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва инчунин ҷалби васеи доираҳои соҳибкор ва саноати ду кишвар ба раванди тавсеаи муносибатҳои тиҷорию иқтисодӣ мавриди баррасӣқарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он протоколҳои марбута ба имзо расидаанд.

Аз соли 2010 вохӯриҳо дар сатҳи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ пайваста гузаронида мешаванд. Аз ҷумла вохӯрии муовини Сарвазири ҶТ М.Алимардон бо муовини Сарвазири ҶӮ Р.Азимов (27.04.2010 дар Тошканд), вохӯрии Вазири корҳои хориҷии ҶТ Х.Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии ҶУ В.Норов (22.05.2010 дар Тошканд), музокироти дутарафаи Президенти ҶТ Э.Рахмон ва Президенти ҶӮ И.Каримов (11.06.2010 с. дар Тошканд), вохӯрии муовини Сарвазири ҶТ М.Алимардон бо муовини Сарвазири ҶӮ Р.Азимов (05.01.2012с. дар Тошканд), вохӯрии Вазири маорифи ҶТ Н.Саидов бо Вазири маорифи ҶӮ Ш.Темиров (17-18.02.2012 дар Тошканд), вохӯрии Раиси Кумитаи Давлатии амнияти миллии ҶТ С.Ятимов бо Раиси амнияти миллии ҶӮ Р.Иноятов (4-6.06.2012 с.) ва дигар вохӯриҳо доир гардиданд.

Таҳлили табодули савдои дуҷониба нишон медиҳад, ки ду кишвари ҳамсоя барои ҳамкории муфид иқтидори кофии дорои имкониятхои фарохи истифоданашуда мебошанд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намоянд ва иктидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.

Таърих, сарватхои умумии фархангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳкурсии мустаҳкам гузоштанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj