Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Афғонистон

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶумҳурииТоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Шарофиддин Имом аз 13 октябри соли 2008. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафури Орзу (таърихи супоридани эътимоднома 30.09.2010).

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурӯъ кард. Аввалин консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Толиқон, вилояти Тахор Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 1996 ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 25 октябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваст. Мулоқотҳои президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001 ва 2006 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995 ва 2010 дар Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо, аз ҷумла, оромии вазъ дар сарҳад ва ҳаллу фасли низои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо ташаббусҳо ҷиҳати баргузор намудани нишасти сарони кишварҳо ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар он масоили вобаста ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар баррасӣ мегарданд, баромад мекунад. Ба ин муносибат, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури саҳмгузорӣ ба эътидоли вазъ дар Афғонистон ва беҳбудии иқтисодиву иҷтимоии он кишвар, дар таърихи 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) баргузор гашт. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳ ба пешбурди соҳаи инфрасохтор, хусусан инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, рушди захираҳои инсонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, идораи сарҳад ва дигар масъалаҳо равона гардид. Тоҷикистон бо Афғонистон дар форматҳои минтақавӣ, аз ҷумла чаҳоргонаи Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон – Россия, сегонаҳои Тоҷикистон – Афғонистон - Эрон ва Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон низ ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда, масоили ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи мулоқотҳои сатҳи олӣ байни роҳбарони кишварҳо ва сохторҳои дахлдор, дар фазои ҳусни тафоҳум баррасӣ мегарданд. Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳашт моҳи соли 2013 120 млн. 882,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кард (содирот 74 млн. 648, 8 ҳазор доллар ва воридот 46 млн.233, 5 ҳазор доллари ИМА). Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2012 232 млн. доллари ИМА-ро ташкил кард (содирот 192,2 млн. доллар ва воридот 39,8 млн. доллари ИМА). Бояд қайд, ки ин нишондиҳанда сол ба сол ба афзоиш меёбад. Барои мисол, соли 2010 гардиши савдо байни ду кишвар маблағи 91,9 млн. доллари ИМА, соли 2011 бошад, 151 млн долл.ИМА-ро ташкил карда буд. Байни Тоҷикистону Афғонистон болои дарёи Панҷ то имрӯз расман панҷ пул (пулҳодар Панҷи Поён – “Дӯстӣ”, Ишкошим, Хоруғ (Тем), Дарвоз (Рузвай) ва Ванҷ (Хумроғӣ) сохта шудааст. Соли 2011 хатти интиқоли барқи 220 кВ Сангтуда-Пули Хумрӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ифтитоҳи ин хат имконият медиҳад, то дар мавсими гармо мардуми Афғонистон бо қувваи барқи арзон ва аз лиҳози муҳити зистӣ тоза таъмин гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ 85 ширкатҳои афғонӣ фаъолият мекунад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Афғонистонро 68 санади ҳуқуқӣ дар самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар ташкил мекунад. Дар соли 2013 барои шаҳрвандони Афғонистон 50 бурсияи ҷудо шуд, ки ин ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф фоли нек аст. Бояд тазаккур дод, ки айни замон (дар ҳолати моҳи октябри соли 2013) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 234 нафар шаҳрвандони Афғонистон таҳсил доранд. 13 сентябри соли 2013 дар Бишкек дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай баргузор гардид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj