Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Баҳрайн

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. Шоҳигарии Баҳрайн аввалҳои солҳои навадум истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн 20 майи соли 1995 барқарор шудаанд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Баҳрайн моҳи майи соли 2014, ки бо даъвати Подшоҳ Аълоҳазрат Ҳамад ибни Исо Оли Халифа сурат гирифта буд, марҳилаи сифатан навро дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо боз намуд. Зимни ин сафар заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Баҳрайн ба шакли назаррас ташаккул ёфт.

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайнро санадҳои зерин ташкил медиҳанд:

1. Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ;

2. Созишномаи ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ;

3. Созишномаи канорагирӣ аз андозбандии дукарата;

4. Созишнома дар соҳаи ҳавопаймоӣ;

5. Ёддошти тафоҳум дар соҳаи фарҳанг ва фанноварӣ;

6. Ёддошти тафоҳуми ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фаннӣ;

7. Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ;

8. Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ.

Табодули сафарҳо. 25-27 марти соли 2012 дар ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 ва 5-умин конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон RECCA-5 намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Баҳрайн Алӣ ибни Аҳмад Оли Халифа иштирок намуд.

29 марти соли 2013 Вазири давлатии корҳои хориҷии Баҳрайн Ғоним Фазлулбуайнайн дар иҷлоси ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё дар Душанбе иштирок намуд.

20-23 майи соли 2013 дар вохӯрии солонаи - 38-уми Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд ёвари муовин оид ба оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷаноби Юсуф Абдуллоҳ Ҳамад иштирок дошт.

27-29 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн сафари давлатӣ анҷом дод.

9-11 июни соли 2015 Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Шоҳигарии Баҳрайн Аҳмад Камол ҳайати кишвари худро дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" 2005-2015 роҳбарӣ намуд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Бо вуҷуди имкониятҳои зиёд ва фароҳам будани пояи қарордодию ҳуқуқии ҳамкориҳо сатҳи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Баҳрайн ҷавобгӯи муносибатҳои сиёсии ду кишвар намебошад.

10.09.2015

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj