Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ироқ

Ҷумҳурии Ироқ дар қатори нахустин давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи соли 1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ 30 ноябри соли 1995 барқарор шуданд.

12 ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Ироқ Ҷалол Толибонӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома ҷиҳати боздид аз Ҷумҳурии Ироқ фиристод.

Дар Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» дар моҳи октябри соли 2009 д-р Аҳмад Ҳасан ат-Тоҳа Имоми масҷиди ҷомеъи Имоми Аъзам аз маҳаллаиАъзамияи Бағдод иштирок намуд.

Ҳамчунин дар таърихи 18-20 майи соли 2010 дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Сафири Ироқ дар Риёз Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Ҳумайнидӣ иштирок дошт.

7-10 июни соли 2010 Муҳаммад Сабрӣ Иброҳим тадқиқотчии Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

3 май соли 2011 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ироқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Эътимодномаи худро супорид.

27-29 майи соли 2015 Сафири Ироқ дар Тоҷикистон Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавӣ ба муносибати ба анҷом расидани маъмурияташ ба Душанбе сафари корӣ анҷом дода, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов мулоқот намуд.

Дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", ки рӯзҳои 9 - 11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Вазири захираҳои обии Ҷумҳурии Ироқ Муҳсин аш-Шамрӣ ҳайати кишвари худро роҳбарӣ намуд.

10.09.2015

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj