Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Исроил

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. Давлати Исроил соли 1991 истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд ва 26 марти 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил барқарор гардиданд.

Сафорати Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд (бо таъйини Исроил Мэй Ами ба сифати Сафири ғайримуқим) моҳи октябри 1993 таъсис ёфтааст. Аз соли 2013 то ҳол хонум Кармела Шамир ба сифати Сафири ғайримуқими Давлати Исроил дар Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Дар давоми солҳои 1993-2013 Давлати Исроил 9 сафири ғайримуқим дар Тоҷикистон таъйин намуд.

Муносибатҳои сиёсӣ. Моҳи октябри соли 1995 дар рафти ҷашнгирии маросими 50-умин солгарди таъсисёбии СММ дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Нахуствазири вақти Исроил Исҳоқ Робин баргузор гардид.

17 июни соли 2006 дар Алмато дар ҳошияи саммити 2-юми Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини сарвазири Давлати Исроил Шимон Перес дидор намуд.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил ҳанӯз пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Танҳо Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани Машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Исроил дар натиҷаи нишасти якуми ҷонибҳо 27 феврали 2013 дар Душанбе ба имзо расид.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ. Дар соли 2014 ҳаҷми тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исроил ба 351,9 ҳаз. долл. ИМА расид. Аз ҷумла, содирот 23,4 ҳазор долл. ИМА ва воридот 328,5 ҳазор долл. ИМА-ро ташкил намуд. Дар се моҳи аввали соли 2015 гардиши мол байни ду кишвар ҳамагӣ 56,7 ҳазор долл. ИМА-ро ташкил кард.

Табодули сафарҳо. 26-28 феврали 2013 дар Душанбе аввалин машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил баргузор гардид, ки аз ҷониби Исроил хонум Анна Азарӣ, муовини Мудири кулли Идораи Авруосиёи Вазорати корҳои хориҷии Исроил раисӣ намуд. Зимни машваратҳои дуҷониба ҷонибҳо як қатор масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим, аз ҷумла тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика, соҳаи саноат ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

23-25 ноябри соли 2011 - Сафири Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳиллел Нюман (қароргоҳаш дар Тошканд) пас аз супоридани нусхаи эътиборнома аз Тоҷикистон боздид намуд. Зимни ин сафарҳо мулоқотҳои дипломати исроилӣ дар вазоратҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Палатаи савдо ва саноат доир гардиданд.

Дар чаҳорчӯби ҳамин боздидҳо мувофиқа ҳосил гардида буд, ки ҷониби исроилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ (инсулин) кӯмак хоҳад кард ва 2 майи 2012 маросими супоридани ин маводди доруӣ ба вазни 50 кг баргузор гардид.

Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил (МАШАВ) мунтазам дар Давлати Исроил давраҳои омӯзиширо баргузор менамояд, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват мешаванд.

Тайи солҳои ахир гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзии Исроил аз Тоҷикистон дидан намуданд. Аз ҷумла, дар шакли табодули таҷриба соли 2006 гурӯҳи мутахассисон ва духтурони чашми Исроил ба Тоҷикистон сафар карда, якҷоя бо ҳамтоёни тоҷики худ дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашм 40 ҷарроҳӣ гузарониданд. Ҳамчунин мутахассисони исроилӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти дахлдори вилояти Хатлон дар масъалаи фиристонидани 4-5 нафар таҷрибадори соҳаи гармхонаҳо барои парвариши зироату меваҷот ва мубодилаи таҷрибаи парвариш намудани навъҳои нави пахта ба мувофиқа расиданд.

Мувофиқи маълумотҳо соли 2004 бо дархости Раиси вилояти Хатлон А. Миралиев ду мошини контейнери таҷҳизоти технологияи гармхона (кондитсионери гармкунӣ) аз Исроил ба ноҳияи Данғара оварда шуд ва он аз ҷониби мутахассисони исроилӣ дар ҷои муайянгардида насб карда шудааст.

22.08. 2015

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj