Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Миср

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. Ҷумҳурии Мисри Араб истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистонро 1 январи соли 1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб 1 апрели соли 1993 барқарор гардиданд.

Аввалин сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров (таъйин 9 октябри 1996) ва Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш. Москва) Ризо Аҳмад Шаҳота (таъйин моҳи майи соли 1996) буданд.

Ҳоло Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон д-р Муҳаммад Абделсаттор ал-Бадрӣ (қароргоҳ дар ш. Москва) мебошанд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Тамосҳои сиёсии роҳбарони ду кишвар дар сатҳи олӣ ва баланд қарор доранд, ки ин дар густариши тадриҷии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб нақши муҳим мебозад.

Моҳи декабри соли 1994 дар Дорулбайзо ҳангоми баргузории 7-умин гирдиҳамоии сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти қаблии Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак барпо гардид.

4 феврали соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Мисри Араб боздид ба амал овард. Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак сарвари давлати Тоҷикистонро истиқбол гирифт ва мулоқоти хоссаи сарварони ҳар ду кишвар баргузор гардид. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди муносибатҳои дӯстона миёни ду кишварро таъкид намуда аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Мисри Араб, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавию байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст».

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Арабро 9 созишномаи ҳамкорӣ ташкил медиҳад, ки дар ҷадвали зерин оварда мешаванд:

Номи созишномаҳо Сана ва ҷойи баимзорасӣ
1 Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба варзиш 26.01.2009
Душанбе
2 Протоколи ҳамкории иттилоотӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевеизион ва радиои Мисри Араб 26.01.2009
Душанбе
3 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати дорусозӣ ва маҳсулоти тиббӣ 6.06.2008
Қоҳира
4 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ 5.02.2007
Қоҳира
5 Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноат 5.02.2007
Қоҳира
6 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба хамкорӣ дар соҳаи фарҳанг 5.02.2007
Қоҳира
7 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникию илмӣ ва протокол доир ба он 5.02.2007
Қоҳира
8 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика 5.02.2007
Қоҳира
9 Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб 14.03.2005
ш. Душанбе

Табодули сафарҳо. 4 феврали соли 2007 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мисри Араб. Зимни ин сафар панҷ созишнома ба имзо расид, ки номгӯи онҳо дар боло оварда шудааст.

Сафари кории Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Н. ба Ҷумҳурии Мисри Араб рӯзҳои 2-6 июни соли 2008 асосан бо роҳҳои мушаххаси амалӣ намудани ҳамкорӣ бо ширкати мисрии дорусозии Delta Pharma бахшида буд. Зимни ин боздид мулоқоти Вазири тандурустӣ бо ҳамтои мисрӣ Вазири тандурустӣ ва аҳолӣ Ҳотам ал-Ҷабалӣ баргузор гардид, ки дар он роҷеъ ба масъалаҳои барқарор ва густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаи тандурустӣ ва саноати дорусозӣ мубодилаи афкор сурат гирифт ва санади дуҷониба - Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати дорусозӣ ва маҳсулоти тиббӣ ба имзо расид.

23-25 ноябри соли 2008 Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ дар Конфронси дуюм дар сатҳи вазирон оид ба нақши зан дар рушди ҷомеаи давлатҳои СКИ дар шаҳри Қоҳира иштирок намуда, дар ҳошияи конфронс бо дабири кулли Шӯрои миллии занони Миср Фархунда Ҳасан мулоқот анҷом дод. Дар он мавзӯъҳои вобаста ба барқарор ва таҳкими муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

25-27 январи соли 2009 ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ баргузор гардид. Дар он ҳайъати мисрӣ иборат аз 21 нафар бо сардории хонум Фоиза Абуннаҷо – Вазири ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҳамраиси қисми мисрии Комиссияи муштарак иштирок намуданд.

Рӯзҳои 1 - 3 ноябри соли 2009 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Фатҳуллоҳ ва Сафири Ҷумҳурии Мисри Араб дар Тоҷикистон муқими шаҳри Москва Иззат Саъад аз шаҳри Душанбе боздиди корӣ анҷом доданд.

Рӯзҳои 7 - 9 феврали соли 2010 Котиби генералии Бунёди мисрӣ оид ба ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил Самоҳ Ситуҳӣ ва Сафири Ҷумҳурии Мисри Араб дар Тоҷикистон Иззат Саъад аз шаҳри Душанбе боздиди корӣ ба амал оварданд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Миср феврали соли 2007 марҳилаи сифатан нави ҳамкориро оғоз кард. Ба хотири татбиқи созишномаҳои баимзорасида Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмии миёни ду кишвар таъсис дода шуд ва ҳамраиси он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри 23-27 январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки он баёнгари таваҷҷуҳи мутақобила ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф арзёбӣ мегардад. Баргузории ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии муштараки иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ дар Қоҳира нимаи дуюми соли 2015 дар назар аст.

Ҳодисаҳои сиёсие, ки дар Шарқи Наздик, аз ҷумла Ҷумҳурии Арабии Миср мавсум ба “Баҳори Араб” рух доданд, сабаби хеле паст рафтани сатҳи иқтисодии Миср гаштанд. Аз 25 январи соли 2011 вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб тезу тунд гашт, ки бо ду инқилоб ва ивазшавии ду президент (Ҳуснӣ Муборак ва Муҳаммад Мурсӣ) анҷом ёфт. Табиист, ки бадшавии вазъи сиёсӣ ва аз байн рафтани амну субот дар Миср ба муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷонибаи ҳар ду кишвар бетаъсир намонд ва ҳоло гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Миср қобили қайд нест.

Ҳамчунон бадшавии вазъи сиёсӣ ба баргузории дигар чорабиниҳои нақшавӣ, аз ҷумла, кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб, ки даври навбатии он бояд дар ш. Қоҳира баргузор мегашт, инчунин омадурафти соҳибкорону сайёҳон ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд. 3 июни соли 2013 дар интихоботи нав Абдулфаттоҳ Сисӣ Президенти Миср интихоб шуд. Бо омадани Сисӣ ба сари ҳокимият вазъи Миср рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.

Миёни Тоҷикистон ва Миср самтҳои зиёди афзалиятноки ҳамкориҳо ва имконоти зиёди истифоданашуда вуҷуд доранд, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ, барқароркунӣ ва бунёди шабакаҳои обёрӣ, сохтмони корхонаҳои муштарак барои анҷом додани ҷустуҷӯҳои геологӣ ва азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, коркарди мева ва сабзавот, коркарди нахи пахта аз таҷрибаи мутахассисони мисрӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми истеҳсоли он ва дар ин замина бунёди корхонаҳои нассоҷӣ, коркард ва истеҳсоли чарм, саноати хӯрокворӣ, омӯзиши кадрҳо, туризм ва ғайра.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Бо дарназардошти муносибатҳои неки мутақобила миёни Тоҷикистону Миср дар робита ба бисёр масъалаҳои мубрами байналмилалӣ якдигарфаҳмӣ ва мавқеи муштарак вуҷуд дошта, дар ҷаласаву конфронсҳои байналмилалӣ ва саммитҳо кишварҳо якдигарро дастгирӣ менамоянд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд, ки номзадии Мисрро дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2015-2017 дастгирӣ кунад. Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215, ки 9-11 июни 2015 дар Душанбе баргузор гашт, ҳайати Миср ширкат варзид.

10 майи 2015 дар ҷараёни сафари сардорони кишварҳои ҷаҳон ба Москва ҷиҳати иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 70-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқот намуд.

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф. Дар заминаи созишномаҳое, ки миёни ду кишвар дар соҳаи маориф ба имзо расидаанд, бо истифода аз бурсияҳои давлатӣ табодули муҳассилон вуҷуд дорад ва даҳҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қоҳира ва Айни Шамс дар Миср ва теъдоди зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои мисрӣ дар Тоҷикистон таҳсил карда, соҳиби дипломҳо гаштаанд ва дар соҳаҳои гуногуни сохторҳои давлатии кишварҳояшон машғули кор мебошанд.

Аз 6 то 8 июли соли 2011 муовини Вазири корҳои хориҷии Миср оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ Шариф ал-Хӯлӣ, муовини ёвари Вазири корҳои хориҷӣ оид ба терроризм Ашраф Муҳсин ва Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алоъ ал-Ҳадидӣ ҷиҳати баррасии мавзӯъҳои фарҳангӣ, бурсияҳои таҳсилотӣ аз ҷумла дар Донишгоҳи ал-Азҳар ба ш. Душанбе ташриф оварда, бо Вазири маориф А. Раҳмонов, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидов, муовини Вазири корҳои дохилӣ А. Тайғамуродов, мувоини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ М. Умаров ва Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқов мулоқот анҷом доданд. Зимни ин мулоқотҳо ҷонибҳо дар масъалаҳои баргардонидани донишҷӯёни тоҷик аз муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, рушди муносибатҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла, маориф, тиҷорат ва иқтисодиёт табодули назар намуданд.

Тайи зиёда аз 20 соли муносибатҳои Тоҷикистону Миср наздик ба 2000 мутахассисони соҳаҳои мухталифи кишвар тавассути собиқ Бунёди мисрии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ, ҳоло Агентии мисрии шарокат дар курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат таҳсил карданд ва ҳамкорӣ бо ин созмон идома дорад.

Ғайр аз ин, дар Миср теъдоди муайяни толибилмони тоҷик ба таври ғайрирасмӣ ба таҳсили динӣ машғуланд. Бо назардошти вазъи нигаронкунандаи сиёсӣ ва таҳдиду чолишҳои ифротгароии динӣ дар ҷаҳони имрӯза, мушкилиҳои зиёди муҳассилони динии Тоҷикистон дар Миср зарурати танзими таҳсили динии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср ба миён омадааст.

16.09.2015

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj