Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Фаластин

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. 6 марти соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин барқарор шуданд.

3 октябри соли 1995 аввалин Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Набил ал-Лаҳҳом (қароргоҳ дар Тошканд) Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурд. Ҳоло Сафири ғайримуқими Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳонӣ мебошад.

Муносибатҳои сиёсӣ. Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин робитаҳо барқарор гардида буданд. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳии мардуми Фаластин буд ва мебошад.

Охирҳои солҳои 80-ум ҳайати Фаластин бо роҳбарии узви Комитети Иҷроияи Созмони Озодибахши Фаластин профессор Набил Амр аз Тоҷикистон боздид ба амал овардааст. Ҷавобан ҳайати ҳамдилии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири онвақтаи маориф Исмоил Давлатов ба Фаластин сафар кард.

Он солҳо шумораи зиёди ҷавонони фаластинӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таври ройгон таҳсил мекарданд.

Байни сарони ду давлат баъди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ мукотиба ва мубодилаи мунтазами паёмҳои табрикӣ вуҷуд дорад.

Табодули сафарҳо. 20-21 августи соли 2013 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ҳайати Давлати Фаластинро Вазири захираҳои об доктор Шаддод ал-Атилӣ роҳбарӣ кард.

18-22 майи соли 2013 ҳайъати Давлати Давлати Фаластин дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони бонки Исломии Рушд дар Душанбе зери роҳбарии Президенти Шӯрои иқтисодии Фаластин оид ба рушд ва таҷдид Моҳаммед Иброҳим Штайеҳ иштирок намуд.

8-11 июни 2015 ҳайати Давлати Фаластин зери роҳбарии Вазири захираҳои оби он кишвар Мазин М. Р. Гнаим барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005–2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд.

Дар ҳошияи сафари мазкур вохӯрии Вазири захираҳои оби Давлати Фаластин бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода баргузор гардид.

22.08.2015

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj