Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Яман

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Яман 25 феврали соли 1997 барқарор гардида, дар соли 2009 он муносибатҳо бештар фаъолтар гардиданд.

22 ноябри соли 2010 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Яман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар Москва Муҳаммад Солеҳ Аҳмад ал-Ҳилолӣ ба Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Эътимодномаи худро супорид.

Аз 30 ноябр то 1 декабри соли 2008 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар сурат гирифт. Зимни Сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Санъо мулоқот намуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму тақвияти муносибатҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Яман 4 санади муҳимми дуҷониба ба имзо расид.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири ин кишвар Алӣ Муҳаммад Муҷавар ҷиҳати таҳким бахшидани алоқаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мулоқот анҷом дод.

Сипас мулоқоти доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар дар Санъо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо имконоти сармоягузориро дар кишварҳои ҳамдигар мавриди назар қарор доданд.

Дар рафти сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрвандони Тоҷикистон вохурӣ барпо намуд, ки аксари онҳоро табибони касбии тоҷик ташкил мекунанд.

26-28 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар мулоқоти хоссаи ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкории Тоҷикистону Яман баррасӣ гардид. Зимни сафари мазкур инчунин ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Яманро 6 созишномаи ҳамкорӣ ташкил медиҳад, ки дар ҷадвали зерин оварда мешаванд:

Номи давлат ва номи шартномаи байналхалқӣ Сана ва ҷойи баимзорасӣ
1 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Яман оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг 1.12.2008
Адан
2 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Яман дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникию илмӣ 1.12.2008
Адан
3 Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Яман оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф 1.12.2008
Адан
4 Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман 1.12.2008
Адан
5 Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Яман оид ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ 27.02.2009
ш.Душанбе
6 Созишнома байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Яман оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ 27.02.2009
ш.Душанбе

 
5–8 январи соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар А. Қодирӣ бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дархости мусоидат бештар барои озод кардани шаҳрванди рабудашудаи Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева ба Ҷумҳурии Яман сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари мазкур Сафир бо намояндагони воломақоми Ҳукумати Яман ва инчунин бо шаҳрвандони Тоҷикистон муқими пойтахти Яман вохӯрӣ анҷом дод.

Дар натиҷаи муроҷиатҳои мунтазами Вазорат ба мақомоти кишвари мазкур ва роҳандозии тадбирҳои мушаххас шаҳрванди рабудашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Яман Гулрухсор Рофиева дар таърихи 10 феврали 2015 озод карда шуд ва рӯзи 21 феврали 2015 ба Тоҷикистон баргашт.

22.08.2015

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj