Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Кувайт

Кувайт аз нахустин кишварҳои арабӣ аст, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва 31 марти соли 1995 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт робитаҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Ибтидои таърихи алоқаҳои наздики Тоҷикистону Кувайт аз нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлат Кувайт, ки 17-19 апрели соли 1995 сурат гирифт, сарчашма мегирад. Саҳифаи тозаи муносиабатҳои дуҷонибаи ду кишварро сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Кувайт, ки 23 июни соли 2013 ба вуқӯъ пайваст, боз намуд.  Соли 1998 Давлати Кувайт сафири худ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Аҳмад ал-Миҷрон ар-Румиро ҳамзамон сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуд.

Моҳи майи 1999 сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиборномаи худро  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид. Соли 2011 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод З. Зубайдов бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт таъйин гардид. 2 октябри соли 2012 Сафир эътимодномаи худро ба Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ супорид. 29 декабри соли 2012 З. Зубайдов ба ҳайси аввалин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт таъйин гардид ва 22 январи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Тамосҳои сиёсии роҳбарони ду кишвар дар сатҳи олӣ ва баланд қарор доранд, ки ин дар густариши тадриҷии  муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт нақши муҳим мебозад.

Моҳи декабри соли 1994 дар Дорулбайзо (Мағриб) дар ҷараёни баргузории 7-умин Иҷлоси сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ доир гардид.

Кувайт аввалин кишвари арабие буд, ки ба он роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. 17-19 апрели 1995, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир ас-Сабоҳ аз Кувайт боздиди расмӣ ба амал овард. Дар ҷараёни сафар Президент бо Амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир, муовини аввали Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ ал-Аҳмад, мулоқоту сӯҳбатҳо дошт.

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро 11 созишномаи ҳамкорӣ ташкил медиҳад, ки дар ҷадвали зерин оварда мешаванд:

1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо- 18.04.1995

2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, илм ва техника- 18.04.1995

3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот- 18.04.1995

4. Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКХ Давлати Кувайт- 18.04.1995

5. Ёддошти ҳусни тафоҳуми ҳамкориҳои миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодӣ- 23.06.2013

6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномахои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ- 23.06.2013

7. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорй дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар- 23.06.2013

8. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя- 23.06.2013

9. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм- 23.06.2013

10. Протоколи ҳамкорӣ байни Палатаи Савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кувайт- 24.06.2013

11. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустй- 23.06.2013

Табодули сафарҳо. 17-19 апрели 1995, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир ас-Сабоҳ аз Кувайт боздиди расмӣ ба амал овард. Дар ҷараёни сафар Президент бо Амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир, муовини аввали Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ ал-Аҳмад, мулоқоту сӯҳбатҳо дошт. Кувайт аввалин кишвари арабие буд, ки ба он роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд.

7 то 9 июли соли 2008, гурӯҳи кории ҳайати Давлати Кувайт Азиз Раҳим ад-Диҳонӣ ва намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Давлати Кувайт Юсуф Фаҳд Абдулкарим Абдуррасул ал-Миъроҷ дар шаҳри Душанбе боздиди корӣ анҷом дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Сафири Давлати Кувайт ва намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмарро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот аз номи Ҳукумати Давлати Кувайт ёрии башардўстона, чек ба маблағи 5 млн. доллари амрикоӣ барои рафъи зарарҳои аз сармои сахти зимистони 2008 бавуқӯъомада ба Сарвари давлат тақдим гардид.

3 май соли 2011 Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Навоф Абдулазиз ал-Энезӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи худро супорид.

8-10 октябри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар кори Иҷлосияи даҳуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи ҳамкории осиёӣ (МҲО) дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт ширкат намуд. Дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои рушди иқтисодӣ, комуникатсия ва фанновариҳо, истифодаи дастовардҳои техннологӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

17 октябри 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар намуд. Дар шаҳри Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагӣ ва созмондиҳии хуби ҳамоиши «Муколамаи ҳамкории Осиё» ва ба иқдоми Амири Давлати Кувайт доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллари амрикоӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққии Осиё баҳои баланд дод.

Бо ишора ба заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни Тоҷикистону Кувайт, ҳанӯз аз соли 1995 мавҷуд аст, изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди мулоқоти имрӯза ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар такон меёбад.

Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки байналмилалӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

16-21 ноябри соли 2012  сафари ғайрирасмии Вазири Девони Амири Давлати Кувайт Шоҳзода Шайх Носир Сабоҳ ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.   

18-22 майи соли 2013 Муовини Сарвазир, Вазири молия Мустафо аш-Шимолӣ дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд, ки дар ш. Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

23-24 майи соли 2013 дар ш. Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид. Комиссияи мазкурро аз ҷониби Кувайт муовини Сарвазир ва Вазири молия ва аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраисӣ намуданд. Дар хотимаи ҷаласаи Протоколи ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид.

23-25 июни соли 2013 сафари давлатии Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Сарвазири кишвар Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Директори иҷроияи ширкати миллии нафтии Давлати Кувайт Низор Муҳаммад ал-Адсонӣ, Роҳбари Девони Амири Кувайт Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Раиси Шӯрои машваратии ширкати MAI Resources International Абдурраҳмон ал-Авадҳӣ ва Раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб Абдулваҳҳоб ал-Бадр мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ашхоси номбурда баррасии муфассали роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвари дӯст мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлати худ ордени “Муборак ал-Кабир” сарфароз намуд.

Аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” мукофотонида шуд.

Сафари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт (22-24 ноябри 2014). Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмонзода У.Ю., Вазири нақлиёт Асозода Х., директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумат Н. Ахмедов, муовини Вазири молия А. Наимӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Файзуллоев ва  ду нафар коршиноси Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати баррасии ҳамкориҳо ва рушди он ба Давлати Кувайт сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин сафар инчунин намояндагони ҳафт ширкати сайёҳии кишвар ҷиҳати муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ба ҳайат ҳамроҳ буданд.

23 ноябри 2014 дар Давлати Кувайт бо ширкати аъзои ҳайат бо роҳбарияти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла  Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Сарвазири Давлати Кувайт шайх Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, Раиси Парлумони Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним вохӯрӣ ва мулоқотҳо баргузор шуданд.

Даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Муовини аввали Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ ҷиҳати дар фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф овардан зимни мулоқот бо Валиаҳд ба ӯ супорида шуд.

Зимни сафар “Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ” ба имзо расид.

24 ноябр дар чорчӯбаи сафар дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи “Шератон”-и Кувайт муаррифии намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.

27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати Давлати Кувайт иборат аз 6 нафар, аз Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Навоф Абдулазиз ал-Энезӣ, масъули кувайтии СҲИ Саъд Муҳаммад Рошидӣ, Муовини Фонди кувайтии рушд Абдуллоҳ Сулаймон ас-Сақр ва намояндаи Вазорати тиҷорати Давлати Кувайт Фаҳд Алӣ Ҳусейн Боқир ширкат варзиданд. Дар ҳошияи Анҷуман мулоқотҳои Сафири Давлати Кувайт бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва Вазири энергетика ва захираҳои обӣ Усмоналӣ Усмонзода доир гардиданд, ки дар онҳо ҳолати ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Кувайт дар соли 2014 – 29,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуд. Албатта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгӯ буда наметавонад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Бо дарназардошти муносибатҳои неки мутақобила миёни Тоҷикистону Кувайт дар робита ба бисёр масъалаҳои мубрами байналмилалӣ якдигарфаҳмӣ ва мавқеи муштарак вуҷуд дошта, дар ҷаласаву конфронсҳои байналмилалӣ ва саммитҳо кишварҳо якдигарро дастгирӣ менамоянд.

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф. Айни замон 7 нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт машғули таҳсил мебошанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин соҳа Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар баррасӣ аст.

30.11.2015

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj