Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи соли 1992 ба расмият шинохт ва 22 феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 537 аз 13 сентябри соли 2008 Насриддинов Салоҳиддин Асомиддинович ба ҳайси аввалин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъйин гардид.  Аз моҳи ноябри соли 2014 вазифаи Сафири Тоҷикистон дар ин кишварро Аъзамшо Шарифӣ ба ӯҳда дорад.

Дар ибтидои соли 2010 дар Душанбе Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Оғози соли 2011 ҷаноби Бандар Муҳаммад Ҷамил ба ҳайси нахустин Сафири муқими шоҳигарӣ дар Тоҷикистон Эътимодномаи худро ба Президенти кишвар тақдим намуд. Муҳлати фаъолияти номбурда моҳи апрели 2015 ба анҷом расид.

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Муносибатҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, пайваста таҳким меёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 маротиба (солҳои 1997 ва 2001) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боздиди расмӣ ба амал оварда, 5-8 декабри соли 2005 бошад, ҷиҳати иштирок дар мулоқоти фавқулодаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Макка сафар кард.  Дар рафти ин сафарҳо мулоқоту музокироти Сарвари Тоҷикистон бо Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ҳамчунин дигар шахсони воломақоми ин кишвар доир гардиданд, ки барои такони тоза бахшидан ба  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудиро санадҳои зерин ташкил медиҳанд:

1. Созишномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, фарҳанг, варзиш ва корҳои ҷавонон (байни ҳукуматҳои ду кишвар   21 май соли 2003 ба имзо расидааст).

2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, (13 майи 2014 дар Риёз ба имзо расидааст.).

3. Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (31 марти 2014 зимни сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарӣ ба имзо расид).

4. Протоколи ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии  муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ  оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ.

Айни ҳол лоиҳаҳои якчанд санадҳои дигари дуҷониба мавриди баррасии тарафҳо қарор доранд.

Табодули сафарҳо. 21-22 феврали соли 1992 - сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ шоҳзода Сауд ал-Файсал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

30 июн - 2 июли соли 1997 - сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ; 

8-10 декабри соли 2001 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;

21 майи соли 2003 - сафари расмии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор ибни Убайди Маданӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5-8 декабри соли 2005 - сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Макка ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ;

19 майи соли 2009 - сафари собиқ Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;

31 октябр - аввали ноябри соли 2010 -  сафари Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ амир Холид ибни Сауд ба Тоҷикистон;

8-10 сентябри соли 2011 – ташрифи Вазири давлатӣ ва узви Шӯрои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Сауд ибни Саид ал-Матҳамӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашни бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6-8 майи соли 2012  - сафари Вазири авқоф ва корҳои исломии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдулазиз ал-Аммор ба Тоҷикистон;

28-29 марти соли 2013 – сафари Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Сауд ҷиҳати иштирок дар нишасти ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё. Дар ҳошияи чорабинӣ номбурда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуд;

30  март - 1 апрели 2014 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;    

25 январи 2015 – сафари кории Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ; Зимни сафар Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳи нави ШАС Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд паёми таъзияву ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро нисбати вафоти Подшоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз расонид;

9-11 июни 2015 – сафари ҳайати саудӣ бо роҳбарии Муовини вазири обу барқи ин кишвар доктор Муҳаммад ас-Сауд ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт".

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Сатҳи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо вуҷуди имкониятҳои зиёд ҷавобгӯи муносибатҳои сиёсии ду кишвар намебошад.

Ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар дар давоми соли 2014 ҳамагӣ ба 588 ҳазор доллари ИМА расидааст.

Фонди саудӣ оид ба рушд аз ҷумлаи созмонҳои молиявии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад, ки дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон саҳмгузор мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо Фонди Рушди Саудӣ  аз соли 2002 ҳамкорӣ намуда то имрӯз 7 Созишномаи қарзи ҳамаги ба маблағи 220,122 млн .риёли Саудӣ расонидааст, ки он асосан барои рушди соҳаи маориф, тандурусти ва сохтмони роҳҳо равона карда шудаанд.

Механизми муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвари мо Комиссияи байниҳукуматии  муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад, ки иҷлоси нахустини он моҳи августи 2013 дар Душанбе баргузор гардид ва дар фароварди он Протоколи умумии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ҷонибҳо ба имзо расид.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲИ робитаҳои қавӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Арабистони Саудиро барои узвият дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2014-2015 ва Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ барои солҳои 2014-2016 мавриди дастгирӣ қарор додааст.

10.09.2015

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj