Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Муғулистон

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор шуданд. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон як силсила санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дуҷониба, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расиданд, ки заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро танзим менамояд. Густариши минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистону Муғулистон ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай танзим мегардад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj