Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Покистон

6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тариқ Иқбол Сумру. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Насредин Исматулло аз 5 феврали соли 2019.

Соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид. 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин давра байни ду кишвари дӯст зиёда аз 50 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расиданд.

Моҳи марти соли 1994 Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон боздиди расмӣ ба амал овард. Ин боздид дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи нав оғоз намуд. Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон кушода шуд. Дар давоми 27 соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар беш аз 40 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорони инфиродии покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Дар соли 2018 гардиши мол байни ду кишвар ба 62 млн. 547 ҳазор долл. ИМА расид, ки аз он содирот 10 млн. 103,4 ҳазор доллар ва воридот 52 млн. 443,6 ҳазор долларро ташкил дод.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj