Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Таиланд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Таиланд 5 августи соли 1992 барқарор шуданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқими Остона ҷаноби Чан Ҷулламон мебошад.

Тӯли муносибатҳои дипломатӣ рушди пойдори муносибатҳои гуногунҷанба ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкории бисёрҷониба ба назар мерасад. Заминаи муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 9 санади ҳуқуқӣ ва Эъломияҳои муштараки Президент ва Сарвазир оид ба натиҷаҳои сафарҳои муштарак ба Тоҷикистону Таиланд ташкил медиҳанд. Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар дар ҳолати рушд қарор доранд.

Мубодилаи мол дар соли 2012 1088,1 млн. дол. ИМА ташкил дод. Дар 6 моҳи соли 2013 бошад ба 772,6 ҳаз.дол. ИМА расид.

Марҳилаи муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9-10 августи соли 2005 ба Подшоҳии Таиланд мебошад. Дар рафти сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Подшоҳи Таиланд Пумипоном Адульядет (Рама IX) пазируфта шуд. Инчунин бо Сарвазири он кишвар Таксин Шинаватра ва дигар намояндагони воломақом мулоқотҳо анҷом намуд. Дар натиҷаи сафар як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба имзо расиданд.

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 Сарвазири Подшоҳии Таиланд Таксин Шинаватра ба Тоҷикистон сафари расмии ҷавобӣ анҷом дод. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Таиланд 17-19 майи соли 2013 ба муносибатҳои дуҷониба такони тозае бахшид. Дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Таиланд доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи сафари расмӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расиданд. Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2013 сафари расмии Сарвазири Подшоҳии Таиланд Йинглак Шинаватра ба Душанбе (19-20 августи соли 2013) мебошад. Дар рафти мулоқоти дуҷонибаи Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Таиланд, аз ҷониби Тоҷикистон изҳори боварӣ гардид, ки сафари мазкур ба густариши муносибатҳои дуҷониба такони тоза бахшида, ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷонибаи сиёсии қаблан заминашуда саҳми назаррас хоҳад гузошт. Дар натиҷаи гуфтушуниди Тоҷикистону Таиланд дар Душанбе Эъломияи муштарак оид ба натоиҷи сафари расмӣ ва Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Таиланд оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус баимзо расид. Дар доираи сафари худ хонум Йинглак Шинаватра дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об иштирок намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj