Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Туркия

Маълумотнома оид ба муносибатҳои дуҷонибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 29 январи соли 1992 барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Туркия, ҳамин тартиб, дар қатори аввалин кишварҳои ҷаҳон истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати Ҷумҳурии Туркия 22 марти соли 1992  дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1995  дар Анкара ифтитоҳ гардид.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул дар соли 2011 ба кор шурӯъ намуд.

Муносибатҳои сиёсӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ тавонистанд дар муносибатҳои дуҷониба фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва абзорҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судмандро фароҳам оваранд. Дар раванди рушди муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст боздидҳои расмии роҳбарияти олии ду кишвар, мулоқоту гуфтушунидҳои пурмуҳтавои онҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва созандагӣ сурат мегиранд, нақши калидӣ доранд. Дар тули 25 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 бор аз Ҷумҳурии Туркия ( майи соли 1996; октябри соли 1998, ноябри соли 1999, январи соли 2006, марти соли 2009,, декабри соли 2010 ва декабри соли 2012) ва Президенти Ҷумҳурии Туркия 3 бор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намудаанд.

Қобили зикр аст, ки сафари охири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия дар таърихи 17-18 декабри 2012 дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар мақоми муҳим касб намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ҷараёни ин сафар 12 санад, аз ҷумла Эъломияи муштараки сарони ду кишвар, Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ва дигар санадҳои барои ҳарду ҷониб муҳим ба имзо расиданд. Зимни сафар ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба таъсиси Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд. Имрӯзҳо баргузории нишасти нахустини  ин Шӯро мавриди ҳамоҳангии ҷонибҳо қарор дорад.

Дидору гуфтугӯҳои сарони ду кишвар дар соли 2017 ба таври фаъол идома доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар доираи иштирок дар кори Нишасти 13-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 01.03.2017 дар шаҳри Исломобод  баргузор гардид, мулоқот намуданд. Сарони ду кишвар зимни ин мулоқот ва суҳбати телефонии баъдӣ  (7 сентябри соли 2017) масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба роҳҳои рушди минбаъдаи ин ҳамкориҳо ба мувофиқат расиданд.

Ҳамин тартиб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия 29 январи соли 2017 тавассути телефон ҳамдигар ва мардумони ду кишварро ба муносибати 25- солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ табрик намуда, аз раванди муносибат ва ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ин давра, сафарҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия, машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишвар дар раванди баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ба сифати абзори дигари таҳкими муносибатҳо миёни ду кишвар арзёбӣ гардидаанд.

Сафари ахири вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу ба Душанбе 21-уми октябри соли 2016 баргузор гардид. Дар рафти вохӯриҳои дуҷониба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Туркия дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ ва тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо баррасӣ шуданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта шуда буд.

То имрӯз, зимни машваратҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ( Душанбе,  3-4 майи соли 2013), (Анкара, 27-28 феврали соли 2014), (Душанбе, 26-27 июни соли 2015), (Анкара, 7-уми апрели соли 2017) дар робита ба густариши муносибат ва ҳамкориҳо ҳамоҳангиҳои дахлдор сурат гирифтаанд.

Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Робитаҳои байнипорлумонӣ миёни ду кишвар, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ таҳким ёфтаанд, дар ин раванд саҳми созанда доранд. Бар асоси Созишнома оид ба ҳамкории парлумонӣ миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия аз соли 1998 Гурӯҳи дӯстии байнипорлумонӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия, ки дар соли 2000 таъсис ёфт, дар раванди рушди ҳамкориҳои байнипорлумонӣ нақши муҳим дорад.

Дар панҷ соли охир мулоқотҳои сатҳи олӣ миёни раисони Парлумонҳои ду кишвар (дар солҳо 2013 дар Анқара ва дар соли 2014 дар шаҳри Теҳрон дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ) баргузор гардидаанд. Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни сафари расмии худ бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Туркия дидор ва мулоқот намуда буданд. Имрӯз ҳамкориҳои байнипорлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар доираи Иттиҳодияҳои  байнипорлумонии байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Ассамблеяҳои байнипарлумонии Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷараён доранд.

Пояи қарордодӣ ва ҳуқуқӣ

То ба имрӯз миёни ду кишвар заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкориҳо ташаккул ёфтааст. Дар ин давра зиёда аз 65 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ (шартнома, созишнома, ёддоштҳои тафоҳум, эъломияҳои муштараки сарони давлатҳо, барномаҳо ва протоколҳо) байни ду кишвар ба имзо расидааст. Маҳз дар заминаи ин санадҳо имконияти  мусоиди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоию башарӣ фароҳам гардидаанд. Дар баррасии ҷонибҳо дар марҳалаи кунунӣ ҳудуди 30 тарҳи санадҳои дигари дуҷониба  қарор доранд.

Ҳамкории  тиҷоратӣ - иқтисодӣ

Ҳамкориҳои  тиҷоратӣ ва иқтисодӣ самти муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд.  Дар маҷмӯъ ҳолати кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Туркия то андозае метавонад боиси қаноатмандии ҷонибҳо бошад. Солҳои охир ду ҷониб барои беҳтар намудани сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сохтори тиҷоратӣ ва ҳаҷми он талошҳои дахлдор анҷом додаанд.

Дар ин раванд  нақши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, ки бар асоси “Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ” (08.04.1993) таъсис дода шудааст, қобили зикр аст. То имрӯз зимни 9 нишасти Комиссия дар шаҳрҳои Душанбе ва Анқара (1) Душанбе, 25 сентябри соли 2000 (2) Анкара, 21 декабри соли 2001 (3) Душанбе, 3 октябри соли 2003 (4) Анкара, 24 ноябри соли 2004  (5) Душанбе, 21-22 декабри соли 2005 (6) Анкара, 12-13 апрели соли 2007 (7) Душанбе, 20-23 апрели соли 2009 (8) Анкара, 29-30 ноябри соли 2012 (9) Душанбе, 17-18 феврали соли 2017) масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, санадҳои дахлдор низ ба имзо расидаанд.

Туркия, бо вуҷуди коҳиши нисбии ҳаҷми гардиши мол солҳои охир, яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Таҳлили муқоисавӣ бо солҳои 2011-2013 нишон медиҳад (беш аз 600 млн. доллари ИМА), ки ду кишвар дорои иқтидори бузург барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар мебошанд. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар солҳои 2016-2017 аз раванди рушди дубораи он шаҳодат медиҳад. Дар соли 2017-ум ҳаҷми савдо дар муқоиса бо соли 2016-ум 12,75 фоиз зиёд гашт ва 339 млн. долларро ташкил дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия асосан пахта, алюминий ва дигар маҳсулоти саноатӣ содир намуда, аз Туркия доираи васеи молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, технологӣ, хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷаи аҳолиро ворид менамояд.
 

Нишондиҳандаҳои муқоисавии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркия (млн. долл. ИМА)

 

 

2016

2017

Тамоил

+/-

%

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамагӣ)

3929,9

3973,1

43,2

101,1

Гардиши савдои хориҷӣ бо Туркия, аз ҷумла:

315,3

338,6

23,3

107,4

Содирот

200,8

233,2

32,4

116,1

Воридот

114,5

105,4

-9,1

92,0

Вазни хос %

8,0

8,5

-

-

Нишондиҳандаҳои асосии гардиши савдои хориҷииҶумҳурии Тоҷикистон бо  Туркия (2011- 2017) (млн. долл. ИМА)

 

Нишондиҳанда

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

Гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Туркия

437,0

620,1

600,5

607,2

396,4

388,5

315,1

338,6

аз он:

Содирот

377,0

543,9

493,4

422,7

251,6

255,7

200,8

233,2

Воридот

60,0

76,2

107,2

184,5

144,6

132,8

114,3

105,4

Вазни хос %

11,3

14,0

11,7

12,2

7,5

9,0

8,0

8,5

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамагӣ)

3851,6

4463,3

5138,1

4988,8

5274,7

4326,2

3929,6

3973,1


Ҳамкориҳо дар соҳаи сармоягузорӣ

Таҳлилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки сармоягузории Туркия дар кишвари мо махсусан дар солҳои охир афзуда истодааст. Ҳаҷми сармоягузории Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар давоми солҳои 2007-2017 155 млн. доллари ИМА - ро ташкил дод, ки аз он 59,2 млн. долл. ИМА сармоягузориҳои мустақим ва 96,1 млн. долл. ИМА-ро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ташкил медиҳанд.

Сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Туркия ба шумор меравад. Бо сармояи Туркия ва сармояи муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 корхона дар соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни саноати кишвар фаъолият менамоянд.

Дар ин раванд фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши муҳимро касб намудааст. Тавассути Агентии ҳамкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 40 млн.доллари ИМА амалӣ гардидаанд.

Нишондиҳандаҳои асосии сармоягузорӣ (ҳаз.дол. ИМА):

 

Сармоягузории мустақим

Дигар намуди сармоягузориҳо

Ҳамагӣ

2007

238,7

0,0

238,7

2008

9,8

0,0

9,8

2009

0,0

0,0

0,0

2010

670,4

0,0

670,4

2011

0,6

0,0

0,6

2012

18347,1

0,0

18347,1

2013

11734,3

64183,0

75917,3

2014

403,7

0,0

403,7

2015

19370,0

31500,0

50870,0

2016

6397,3

0,0

6397,3

2017

1992,3

452,3

2444,6

Ҷамъ

59164,2

96135,3

155299,5



Бояд зикр кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисодиёти мамлакат аз соли 2007 то 2017 маблағи 8,6 млрд.доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ҳиссаи сармоя аз Ҷумҳурии Туркия ҳамагӣ 1,8%-ро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон ба идомаи таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷониби Туркия дар соҳаҳои коркарди пахта, алюминий, чарм, бофти гилеми дастӣ, маъдан, аз ҷумла тилло бо дарназардошти таҷрибаи бойи кишвари бародар, ба мақсади иcтеҳсоли маҳсулоти тайёр манфиатдор аст.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли бор

Ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли бор рӯ ба афзоиш қарор дорад. Имрӯз дар баробари рушди ҳамкориҳои боркашонӣ, густариши хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар ба назар мерасад. Айни замон дар хатсайри Душанбе - Истанбул - Душанбе ширкатхои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва '"Turkish Airlines" парвоз анҷом медиҳанд, ки шароити мусоиде барои рафту омади шаҳрвандон ва тамосҳои гуногунҷанба миёни доираҳои расмӣ ва тиҷоратии ду кишвар фароҳам овардаанд. Ҳамин тартиб, қаламрави Туркия барои парвозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба гӯшаҳои гуногуни олам ба минтақаи транзитӣ мубаддал гардидааст.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар мебошад. Бар асоси “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф” донишҷӯёни зиёди тоҷик дар донишгоҳҳои мухталифи Туркия таҳсил мекунанд. Теъдоди умумии донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар соли хониши 2015-2016 тақрибан  500  нафарро ташкил медод. Ҳар сол дар асоси бурсияҳо (квотаҳо)-и Ҷумҳурии Туркия миқдори муайяни донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои давлатии ин кишвар таҳсил мекунанд.

Дар асоси моддаи 3-и “Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия” (06.05.1996) дар байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи миллии Ҷумҳурии Туркия Комиссияи доимӣ ташкил шудааст. То ин давра 4 нишасти комиссияи мазкур баргузор шудааст.  

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 10 – и “Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия” (06.05.1996) Маркази омӯзиши забонҳои туркӣ (ТОМЕР) фаъолият мекунад.

Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ низ рушду тавсеа меёбанд. Айни замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии 7 ширкати фармасевтии Туркия ифтитоҳ гардида, номгӯи 33 намуди доруворӣ ва молҳои тиббӣ бар фурӯш дар кишвари мо сабт гардидааст. Бо маблағгузории Туркия дар қаламрави Тоҷикистон тарҳҳои алоҳида барои тармими муассисаҳои тиббӣ ва таъмини таҷҳизоти техникии онҳо татбиқ гардидаанд.   

Ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг дар ҳоли рушд қарор дошта, дар заминаи “Мувофиқатнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи фарҳанг” (1 марти соли 1992, Анкара) ва “Барномаи табодули фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия”  амалӣ мегарданд.
Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Тоҷикистон ва Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд, ки ба номи мутафаккири бузург ва шахсияти ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобастагии зич дорад. Муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвар заминаҳои мусоиди робитаҳои Тоҷикистон ва Туркияро фароҳам овардаанд.

Ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ

Имрӯз ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигарҳо ҳамкориҳои босамар ва муваффақ ба роҳ мондаанд.

Тоҷикистон ва Туркия оид ба аксари масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон ва ё монанд доранд. Дар арсаи байналмилалӣ аз ташаббусҳо ва мавқеи созандаи ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд.

Раёсати кишварҳои Осиё ва Африка
28/05/2018

 

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj