Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Хитой

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 4 январи соли соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун (августи 2010) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Олимов Рашид Кутбиддинович ( ноябри 2005) таъйин шудаанд . Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Сиёсат.Таърихи дипломатияи муосир гувоҳи рӯйдодҳои назарраси муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой дар ин давра гардид. Бо имзои Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ саҳфаи нави сифатан баланд дар даҳаи сеюми робитаҳои ду кишвар кушода шуд.

Имрӯз Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Хитой яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Иқтисод ва савдо. Ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зиёд буда, Хитой ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад. Ширкатҳои зиёди бонуфузи хитоӣ дар самтҳои мухталифи кишвар фаъолият карда истодаанд.

Имрӯз Хитой дар байни шарикони фаъоли тиҷоратии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо мебошад. Маориф. Имрӯз дар 112 макотиби олии Хитой зиёда 2 ҳазор донишҷуёни тоҷик таҳсил мекунанд. Дар Маркази Конфутсий (ш.Душанбе) донишҷӯёни зиёди тоҷикистонӣ забони хитоӣ меомӯзанд.

Ҷониби хитоӣ курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои омӯзиши забони хитоӣ мавҷуданд. Шаҳрвандони Хитой дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Фарҳанг. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги Хитой ифтитоҳ ёфт. Рӯзҳои фарҳанги Тоыикистону Хитой дар ҳар ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Муносибатҳои байналмилалӣ. Тоҷикистону Хитой аъзои комилҳуқуқи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, дар ин чаҳорчӯба фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj