Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатори аввалинҳо истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 аввалин шуда Сафорати худро дар Душанбе кушод.

Моҳи июли соли 1995 Сафорати ҶТ дар Теҳрон ифтитоҳ гардид.

Беш аз 100 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян месозанд.

Сохтмони НБО-и «Сангтуда»- 2 моҳи феврали соли соли 2006 оғоз гардид ва иқтидори он 220 мВт буда, бо сармоягузории Эрон бунёд хоҳад гардид. 5 сентябри соли 2011 маросими ифтитоҳи навбати аввали нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда – 2 сурат гирифт.

Ҳоло зиёда аз 200 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд.

Ҳаҷми мубодилоти молӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 ба беш аз 204 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 102% зиёд аст. Дар 8 моҳи соли 2013 гардиши мол байни ду кишвар дар ҳудуди 280 млн долларро ташкил медиҳад.

Сентябри соли 2012 бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 331 нафар кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатӣ, унвонҳои фахрӣ пажуҳишгар ва адабиётшиноси маъруфи эронӣ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯст бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2012 сарфароз гардонида шуд.

Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон 250 бурсияи таҳсилӣ, барои шаҳрвандони тоҷик ҷудо намуд.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки бурсияҳо бештар дар бахшҳои улуми дақиқ ва табиӣ, бахусус, риёзӣ, ҳандаса, физика, химия, меъморӣ, иқтисодиёт, барқ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва ғайра роҳандозӣ шавад.

Дар соли 2013 барои донишҷӯёни эронӣ 30 бурсияи таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.

Аз 26 – 29 майи соли 2012 Ҷаласаи нӯҳуми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид.

Рӯзи 14 июни соли 2013 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоботи президентии он кишвар баргузор гардид, ки дар он Ҳасанӣ Рӯҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj