Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Япония

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония 2 феврали соли 1992 барқарор шудаанд.

Япония истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 декабри соли 1991 эътироф намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония 28 ноябри соли 2007 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2002 кушода шуд.

Дар ин давраи муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хубе бунёд гардидааст ва аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

Муносибатҳои сатҳи олӣ

Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба ин боздидҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Япония, аз ҷумла сафари охирин дар соли 2007 буд. Дар рафти ин сафар ҳайати расмии Тоҷикистон дар кори конфронси байналмилалӣ иштирок кард. Натиҷаҳои ин боздид боиси таҳрики наве ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония гардиданд.

Нахустин сафари расмии Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябри соли 2015 барои рушди муносиботи дӯстона, ҳамкориҳои мутақобилан судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо марҳалаи навро оғоз намуд.

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ:
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 40 созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд, ки феҳристи баъзе аз санадҳои имзошуда дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

1. Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония;

2. Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ;

3. Изҳороти ҳамкорӣ миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази кашшофии молиявии комиссияи миллии бехатарии ҷамъиятии Япония;

4. Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ миёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукубаи Япония.

Робитаҳои байнипарлумонӣ

Робитаҳои байнипарлумонӣ фаъолона рушд меёбанд. Дар соли 2008 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония таъсис дода шудааст. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония мунтазам бо аъзоёни Гурӯҳи дӯстӣ, аз ҷумла 15 сентябри соли 2017 бо вакили Палатаи машваратчиёни Парлумони Япония узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония ҷаноби Кэйзо Такемӣ, 22 сентябри соли 2017 бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония ҷаноби Китагава Томокатсу, 30 ноябри соли 2017 бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония - Котиби масъули Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония ҷаноби Йошиҳиса Фурукава, 8 январи соли 2018 бо вакили Маҷлиси намояндагони Парлумони Япония аз Ҳизби либерал-демократ ҳамзамон Раиси фахрии Иттиҳодияи дӯстии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкории иқтисодиву фарҳангӣ ҷаноби Ҳаҷиме Сасаки ва 11 январи соли 2018 бо вакили Маҷлиси намояндагони Парлумони Япония аз Ҳизби либерал-демократ ҷаноби Минору Киучи ба мақсади муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба мулоқот анҷом медиҳад.

Ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар чаҳорчӯбаи СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ду кишвар дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ мавқеи яксон дошта, ташаббусу номзадиҳои якдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ менамоянд.

Инчунин, майдони хуб барои ҳамкориҳо ин Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” маҳсуб мегардад. Аз моҳи майи соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи раисикунандаи Муколамаро барои солҳои 2017-2018 бар уҳда дорад. 26 январи соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-ум ҷаласаи масъулони аршади Муколамаи  "Осиёи Марказӣ+Япония” доир гардид. Дар рафти ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба иҷрои лоиҳаҳо ва баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ дар доираи Муколама баррасӣ гардиданд. Яке аз натиҷаҳои муҳими нишасти Душанбе – ин эълон намудани соҳаи рушди сайёҳӣ ҳамчун самти нави ҳамкориҳои амалӣ дар доираи Муколама мебошад. Дар ин давра баргузории чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла нишастаи 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ

Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ бар асоси “Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ” ба мақсади таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи дуҷониба таъсис ёфтааст. Нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи махсуси Япония оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 14 апрели соли 2017 дар ш. Токио баргузор гардид ва аз натиҷаи он Протоколи муштарак ба имзо расид. Айни замон ҷонибҳо барои баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва дар доираи он баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Япония дар ш. Душанбе омодагӣ мегиранд.

Машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония

Нахустин машваратҳои дуҷонибаи сиёсии тоҷикӣ-японӣ дар ш. Душанбе соли 2013 баргузор гардид. Даври дуюми машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония 25 январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Механизми мазкур бешубҳа боиси таҳкими ҳамкории дуҷониба ва эътимоди тарафайн мегардад. Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии машваратҳои сиёсӣ дар ш. Токио баргузор гардад.

Ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илм, фарҳанг, зерсохтор, тандурустӣ ва муҳити зист

Муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, инфрасохтор, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии аҳолӣ, омодасозӣ ва такмили тахассуси кадрҳо дар чаҳорчӯбаи кӯмаки расмӣ барои рушд (ODA) инкишоф меёбанд.

Аҳамияти зиёдро барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии японӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад, молик аст. Дар ин давра ҷонибҳо барои татбиқи бомуваффақияти зиёда аз 340 тарҳҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намудаанд.

Ҳамкории Тоҷикистону Япония дар соҳаи маориф тибқи нақша аз соли 1993 рушд менамояд. Аз ин лаҳза то имрӯз зиёда аз 2200 намояндагони тахассусҳои ҷумҳурӣ дар курсҳои таълимӣ ва тренингҳо дар Япония иштирок карданд. Саҳми муносибати худро тарҳи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS) дар омодасозии мутахассисони ҷавон соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 мегузорад. Давоми солҳои 2009-2017 магистратураи донишгоҳҳои Японияро 33 (аз ин панҷ нафар зан) нафар хатм намуда, таҳсили 13 нафари дигар дар магистратура, аз ин як нафар дар докторантураи донишгоҳҳои Япония идома дорад.

Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт аз соли 1999 рушд мекунад. Аз соли 2006 аз тарафи Ҳукумати Япония чунин тарҳҳои ба монанди азнавсозии  роҳҳои автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён (қисмати 1 ва 2) ва Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ (қисмати 1 ва 2) татбиқ шудаанд. Тарҳи доир ба бунёди Терминали боркашонӣ ва насби системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе дар давраи татбиқшавӣ қарор дорад. Дар моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд. Татбиқи тарҳи Терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардида, тибқи нақша моҳи августи соли 2018 ба истифода дода мешавад.

Ҳукумати Япония барои беҳбудии системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ пайваста саҳм мегузорад. Лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ҳамчун беҳтарин тарҳи татбиқшудаи ширкатҳои японӣ дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Япония (Japan Society of Civil Engineers JSCE) интихоб гардид. Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Япония (Japan Society of Civil Engineers JSCE) барои тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ширкатҳои «Eight-Japan Engineering Consultants Inc.», «Dai Nippon Construction» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и Тоҷикистонро бо ҷоиза сарфароз намуд. Ин шашумин ҷоизаест, ки аз ҷониби Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Япония барои тарҳҳои пешқадам дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ, ки дар хориҷи кишвар татбиқ шудаанд, мукофонида шудааст.

Тоҷикистон ва Япония дар самти коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниши фаврӣ ба офатҳои табиӣ ҳамкорӣ менамоянд. 7 сентябри соли 2016 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар ҳамкорӣ бо Дафтари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид Созишномаи грантӣ барои татбиқи тарҳи “Таҳкими зарфиятҳо барои коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниш” ба имзо расидааст.

Ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои тандурустӣ аз соли 2001 дар пайи татбиқи «Барномаи беҳбудии ҳамкорӣ барои зан ва саломатии кӯдак» фаъолона рушд менамояд. Татбиқи тарҳ доир ба таҷҳизонидани беморхонаҳои шаҳри Душанбе бо батареяҳои офтобӣ фаъолона инкишоф меёбад. Айни замон ҷонибҳо дар татбиқи тарҳҳои коҳиш додани фавти модару кӯдак дар Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

3 марти соли 2015 дар Душанбе байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар ҳамкорӣ бо Дафтари Намояндагии СММ Созишномаи грантӣ оид ба тарҳи «Мусоидат ба ҳамкории наздимарзӣ аз тариқи мудирияти самараноки марзи Тоҷикистону Афғонистон» ба имзо расид.

Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика батадриҷ ривоҷ меёбад. Тарҳи «Беҳтар кардани вазъи зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» дар давраи татбиқшавӣ қарор дорад. Дар доираи ин, 26 январи соли 2018 миёни ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Nishizawa»-и Япония қарордод дар бораи сохтмони зеристгоҳи нав дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — «Радиостанция» ва корҳои навсозӣ ва афзоиши иқтидори зеристгоҳи «Промышленная» дар ноҳияи Сино ба имзо расид. Таҷҳизоти асосии барқӣ барои амалисозии лоиҳа дар ширкати японии «TOSHIBA» истеҳсол хоҳад шуд.

Мушорикати тоҷику японӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нави инкишофи худ мебарояд. Хусусияти асосии ин давра - таъмиқи минбаъдаи эътимоди тарафайн, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, амалисозии тарҳҳои муштараки иқтисодӣ, таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг мебошад.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар ростои таҳкиму рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳамкориҳои судманд амалӣ намуда, дар ин самт чораҳои заруриро татбиқ менамоянд. Барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи дурусти онҳо дар дурнамо метавонад ҳамкориҳои ду кишварро ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ боло барад. Рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кӯҳкорӣ, гидроэнергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ, геология, гидрология ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон судбахш мебошад.

Дар ин росто фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ яке аз омилҳои асосӣ барои пешрафти масъалаҳо дар ин самт мебошад. Ҷонибҳо барои баргузории ҷаласаи навбатии он дар ш. Душанбе омодагӣ мегиранд.

Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳарчи тезтар раванди гуфтушунидро ҷиҳати баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония оид ба озодсозӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ оғоз намоянд.

Фаъолияти муваффақонаи якумин корхонаи дорусозии муштараки Тоҷикистону Япония – «Аввалин» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки соли 2001 бо иштироки ширкати саҳҳомии японии «Коки» таъсис ёфт, дар рушди робитаҳои иқтисодӣ низ саҳми назаррасе мегузорад.

Гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония
(млн. доллари ИМА)

 

Сол

Содирот

Воридот

Гардиши савдо

2012

2,0

6,5

8,5

2013

1,3

2,1

3,4

2014

 0,6

7,9

8,5

2015

2,1

7,5

9,6

2016

 

1,1

11,2

12,4

2017

1,0

29,1

30,1

2018

Январ

-

2,0

2,0

Иқтибос: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.stat.tj/en/)

 

Мубодилаи сафарҳои расмӣ

 

 

Боздидҳои сатҳи олӣ

 

Майи 2001

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби

Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Феврали 2003

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби

Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Декабри 2007

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби

Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Октябри 2015

Нахустин сафари расмии Сарвазири Япония

Ҷаноби Олӣ Синдзо Абэ

 

Аз Тоҷикистон ба Япония

 

Октябри 1992

Худойберди ХОЛИКНАЗАРОВ,

Вазири корҳои хориҷӣ

Октябри 1996

Яҳё АЗИМОВ,

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марти 2000

Талбак НАЗАРОВ,

Вазири корҳои хориҷӣ

Феврали 2001

Сайдулло ХАЙРУЛЛОЕВ,

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Январи 2002

Талбак НАЗАРОВ,

Вазири корҳои хориҷӣ

Сентябри 2005

Ҳаким СОЛИЕВ,

Вазири иқтисод ва савдо

Июни 2006

Талбак НАЗАРОВ,

Вазири корҳои хориҷӣ

Июли 2012

Хайриддин АБДУРАҲИМОВ,

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

гражданӣ

Октябри 2012

Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ,

Вазири молия

Ноябри 2012

Ҳамрохон ЗАРИФӢ,

Вазири корҳои хориҷӣ

Декабри 2013

Олим САЛИМЗОДА,

Раиси кумитаи Мачлиси намояндагон оид ба корҳои

байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти

МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июни 2014

Сиродҷидин АСЛОВ,

Вазири корҳои хориҷӣ

Апрели 2017

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА,

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз Япония ба Тоҷикистон

 

Августи 1998

Кейзо ТАКЕМӢ ,

Котиби давлатии Япония оид ба корҳои хориҷӣ

Августи 1999

Кейзо ТАКЕМӢ,

Котиби давлатии Япония оид ба корҳои хориҷӣ

Феврали 2000

Кейзо ТАКЕМӢ,

Вакили Палатаи машваратчиёни Парлумони Япония

(собиқ Котиби давлатии Япония оид ба корҳои хориҷӣ)

Июли 2000

Мунэо СУЗУКӢ,

Вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония

Кейзо ТАКЕМӢ,

Вакили Палатаи машваратчиёни Парлумони Япония

Октябри 2001

Мунэо СУЗУКӢ,

Вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония

(Фиристодаи махсуси Сарвазири Япония Дзюнитиро Койзумӣ)

Январи 2002

Мунэо СУЗУКӢ,

Вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония

Августи 2003

Кейзо ТАКЕМӢ,

Вакили Палатаи машваратчиёни Парлумони Япония

Августи 2004

Йорико КАВАГУЧӢ,

Вазири корҳои хориҷии Япония

Июли 2008

Ёшиҳиса ФУРУКАВА,

Котиби парламентӣ оид ба масъалаҳои адлияи Парламенти

Япония

Сентябри 2010

Мунэо СУЗУКӢ,

Раиси Кумитаи доимиии Палатаи намояндагони Япония

оид ба масъалаҳои байналмилалӣ

Марти 2012

Ҷо НАКАНО,

Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония

Сентябри 2012

Казуюки ҲАМАДА,

Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония

Ноябри 2014

Кентаро СОНОУРА,

Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония

Сентябри 2017

Кейзо ТАКЕМӢ,

Вакили Палатаи машваратчиёни Парлумони Япония

 



 

 

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj