Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Бруней Доруссалом

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Бруней-Доруссалом 2 июни соли 2004 барқарор карда шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Бруней-Доруссалом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Москва мебошад. Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ Муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳии Бруней Доруссалом дар асоси созишномаҳо зимни сафарҳои олӣ баимзорасида, алалхусус дар самтҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, бекор намудани талаблтҳои раводид амалӣ мегарданд.

Сафарҳои баландпоя 8 декабри соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар давраи боздиди расмии худ аз кишвари Бруней бо иҷрокунандаи Вазири корхои хориҷӣ, Вазири рушди Бруней, Мудири идораи Агентии сармоягузорӣ, иҷрокунандаи вазифаи Мудири кулли Шӯрои рушди иқтисодӣ, бо Вазири саноат ва манобеи асосии Бруней Даруссалам, Вазири корҳои дохилӣ мулоқоту гуфтушунидхо анҷом дод. Аз 3 то 4 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Шоҳигарии Бруней Доруссалом қарор дошт. Дар натиҷа 4 санади заминагузори ҳамкории гуногунҷанба дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳои минбаъда ва бекор намудани талаботҳои раводид ба имзо расиданд. Дар чаҳорчӯбаи Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ 19-20 майи соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Бруней Доруссалам ҷаноби Шоҳзода Моҳаммад Болкиаҳ ба ш. Душанбе ташриф овард. Дар рафти ҷаласаи мазкур ҷаноби Болкиаҳ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj