Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Сингапур

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур 8 декабри соли 1995 барқарор шудаанд. Сафорати Сигапур дар Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Москва мебошад. Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ Муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ байни ду кишвар дар асоси созишномаҳо дар соҳаи энергетика ва саноат алалхусус, металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ангишт амалӣ хоҳанд гашт. Иқтисод ва тиҷорат Ҳаҷми тиҷоратии дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сингапур дар нимаи авали соли 2013 ба 2 миллион 876 ҳазор доллари ШМА расид. Сафарҳои баландпоя Аз 30 – юми март то 2 – уми апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Сингапур қарор дошт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Нимаи дуюми рӯзи 31 – уми март соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сингапур иштирок ва суханронӣ намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj