Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия 5 июни соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия (бо қароргоҳаш дар ш.Берлин) ҷ-би Маликшо Неъматов мебошад.  

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш.Тошканд) ҷ-би Ярослав Сиро мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Моҳи ноябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Чехия боздид ба амал овард. Дар рафти ин боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар кори саммити навбатии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ширкат варзид. Баробари ин, Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор ширкатҳои саноатӣ, аз ҷумла ба ширкати «Шкода Авто» ташриф оварда, аз маҳофили бозаргонӣ дидан кард.     Моҳи январи соли 2003 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия ҷаноби М. Сомола сафар намуд. Дар рафти боздид Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.    

4-5 июни соли 2003 ҳайати сенаторон-аъзоёни Кумитаи корҳои хориҷӣ, мудофиа ва амнияти Парламенти Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон сафар карданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои ҳарду кишвар боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Чехия 6-9 октябри соли 2004 мебошад. Ҳангоми боздид созишномаҳои дуҷонибаи зерин ба имзо расиданд:

- Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус;

- Ёддошти тафоҳум оид ба натиҷаи гуфтушунидҳо байни Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;

- Созишномаи кредитӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ва Бонки содироти Чехия.  

Моҳи ноябри 2009 Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии худдорӣ аз пардохтани андоз аз даромад ва сармоя ба имзо расид.  

Дар нимсолаи якуми 2009 Ҷумҳурии Чехия раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба уҳда дошт. Дар давраи раёсати Ҷумҳурии Чехия 29-30 майи соли 2009 дар ш.Душанбе Вохӯрии навбатии Сегонаи (Тройка) Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Барои иштирок намудан дар ин мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия Ян Когоут ба сифати раиси Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард. Ҳангоми вохӯрӣ ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир гардид: муносибатҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ; бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ; об ва энергетика, қаринаи минтақавӣ; ҳамкории минтақавӣ; идора намудани сарҳад ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир.

24-26 сентябри соли 2012 ҳайати Кумита доир ба масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон сафар намуд. Мувофиқи замимаи №1 Ёддошт оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд ва Сафорати Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Департаменти тандурустии вилояти Суғд таҷҳизоти тиббии замонавӣ пешниҳод шуда буд.

7 феврали соли 2014 дар чаҳорчӯби сафари кории Президенти Тоҷикистон ба ш. Сочии Федератсия Россия мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан баргузор гашт. Ҳарду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.

1 апрели соли 2014 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Тошканд) Гинэк Пэйха барпо гардид.

Дар вохӯрӣ тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия,  омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон ва инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва  вазъият дар Афғонистонро муҳокима намуданд.

25 сентябри соли 2014 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия Любомир Заоралек баргузор гардид Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минбаъд тақвият хоҳанд ёфт. Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои омодагӣ ба сафари Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

4 ноябри соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири департаменти робитаҳои хориҷии Дафтари Президенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Гинэк Кмоничек баргузор гардид. Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гинэк Пэйха низ ҳузур дошт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Чехия дар соҳаҳои мухталиф, масъалаҳои таҳкиму тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷараёни омодагиҳо ба боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия аз Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин дар атрофи масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва вазъи Афғонистон табодули назари судманд сурат гирифт.

26-27 ноябри соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафар мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Чехия бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.

Дар рафти мулоқот сарони давлатҳо оид ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, оид ба бизнес-форуме, ки зимни сафар баргузор гардид ва инчунин дар атрофи масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва вазъи Афғонистон табодули назари судманд карданд.

Зимни сафар ҷонибҳо се созишномаи зеринро ба имзо расониданд:

- Эъломияи муштараки сарони ду давлат;

- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиб;

- Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия.

1-2 декабри соли 2016 боздиди расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Чехия барпо гардид, ки ба муносибатҳои ду кишвар такони тоза бахшид.

Дар рафти сафар ба ш.Прага Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия ҷаноби Милош Земан, Сарвазири ин кишвар ҷаноби Богуслав Соботка, Раиси Сенат ҷаноби Милан Штех ва Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Ян Ҳамачек мулоқоту музокироти судманд анҷом дод. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи олӣ тарафайн санадҳои зерини дуҷонибаро ба имзо расониданд:

- Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Чехия;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия.

10 феврали соли 2017 Раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ян Ҳамачекро зимни ин сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чехия ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Чехия, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия дар ибтидои моҳи декабри соли гузашта имзогардида, муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ. 27-28 январи соли 2016 дар ш. Прага ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ таҳти сарпарастии ҳамраисони Гурӯҳи корӣ – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва муовини Вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Чехия Владимир Бертл доир гардид. Дар ҷаласа масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат, энергетика, туризм, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва илм ва ғайра мавриди баррасии коршиносони ҳарду ҷониб қарор гирифтанд. Дар фарҷоми нишаст Протоколи ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ ва Нақшаи амал байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Чехия имзо гардиданд.

Ҳамчунин, рӯзи 28 январ дар ш. Прага таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим ва Директори иҷроияи Палатаи савдо ва саноат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Чехия Франтишек Масопуст ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия доир карда шуд, ки дар рафти он имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия 1 декабри соли 2016 дар ш. Прага Форуми соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия баргузор шуд, ки зимни он имконоти васеи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар муҳокима гардид.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар соли 2016 ба 3898,2 ҳазор долл. ШМА   (содирот – 107,9 ҳазор долл. ШМА ва воридот – 3790,3  ҳазор долл. ШМА) расид.

Дар 9 моҳи соли 2017 (январ-сентябр) ҳаҷми савдо 2495,9 ҳазор долл. ШМА-ро (содирот – 0 ҳазор долл. ШМА, воридот – 2495,9 ҳазор доллар) ташкил дод.

Айни ҳол заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чехия дар ҳоли рушд қарор дошта, 13 санади дуҷонибаи ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, илму техника, тандурустӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар бар мегирад.

01.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj