Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Словакия

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 4 феврали соли 1993 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳаш дар ш.Вена) ҷ-би Идибек Қаландар мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш.Тошканд) ҷ-би Павол Иван мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ ва мубодилаи сафарҳо. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъда ва тақвияти муносибатҳо бо Ҷумҳурии Словакия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад.

20 ноябри соли 2014 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Павол Иван баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистону Словакия дар соҳаҳои гуногун, масоили тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба, инчунин ҷанбаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро муҳокима намуданд.

3 октябри соли 2015 дар ш.Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Словакия Мирослав Лайчак вохӯрӣ баргузор кард. Вазирон ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Словакияро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо оид ба зарурати ҷонноксозии муколамаи сиёсӣ ҳам дар самти дуҷониба ҳам дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҳамфикрӣ баён карданд.

4 ноябри соли 2016 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия ҷаноби Лукаш Паризек, ки дар ҳошияи раисии Словакия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо барои иштирок дар машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Словакия ба ш.Душанбе ташриф овард, барпо гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Тошканд) ҷаноби Павол Иван ҳузур дошт.

Пас аз мулоқот бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Словакия баргузор гардиданд. Дар рафти машваратҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Словакия, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар давраи раисии Словакия, ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.


Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф

Ҳамасола дар доираи барномаи ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд.  

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ. 15 сентября соли 2008 дар ш.Братислава Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Словакия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.

4 ноябри соли 2016 зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон ҳайати расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакияро гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи словакӣ ҳамроҳӣ намуда, дар мизи мудаввари соҳибкории Тоҷикистону Словакия ширкат варзиданд. Зимни чорабинии мазкур имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, роҳандозии тамосҳои мустақим миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику словакӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Словакия дар соли 2016 – 424 ҳазор доллари ИМА (содирот 3,2 ҳазор доллари ИМА ва воридот 420,8 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Дар 9 моҳи соли 2017 ин нишондод 122,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Заминаи шартномавию ҳуқуқӣ:

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (Братислава, 14 феврали соли 1994);

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ (Братислава, 14 феврали соли 1994);

Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷииҶумҳурии Словакия (Душанбе, 30 августи соли 2007);

 Ёддошт миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Словакия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ (Братислава, 15 сентября соли 2008).

01.02.2018

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj