Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Эстония

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония 23 феврали соли 2006 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд) Қозидавлат Қоимдодов мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). 13 феврали соли 2009 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Эстония баргузор гардид, ки муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳоро ба сатҳи сифатан нав баровард. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории ду кишвар зимни мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Ҳендрик Илвес, Сарвазири ин кишвар Андрус Ансип ва Раиси Парлумон Энее Иргма баррасӣ шуданд.

12 январи соли 2012 дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳарду кишвар муҳокима гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо зоҳир карда шуд.

6-8 майи соли 2013 сафари Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ҷараёни ин сафар Сарвазири Эстония бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Сарвазири кишвар муҳтарам Оқил Оқилов вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқотҳо масоили муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ матраҳ гардиданд.

Муносибатҳои байнипарлумонӣ. Робитаҳои байни парлумонҳои Тоҷикистону Эстония низ густариш ёфта истодаанд. Дар чаҳорчӯби сафари кории раиси Гурӯҳи навтаъсиси Рийгикогуи (Парлумони) Ҷумҳурии Эстония оид ба робитаҳои байнипарлумонӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаноби Ааду Муст 21 июни соли 2016 дар ш. Душанбе мулоқоти ӯ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Рийгикогуи Эстония доир гардид.

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ. Ҳаҷми умумии савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония дар соли 2016, 843,8 ҳазор доллари ШМА (воридот – 257,3 ҳазор доллари ШМА, содирот – 586,5 ҳазор доллари ШМА)-ро ташкил дод.

Ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол дар 9 моҳи соли 2017 ба 369,6 ҳазор доллари ШМА (воридот – 369,6 ҳаз. долл. ШМА, содирот – 0 ҳаз. долл. ШМА) баробар шуд.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Эстония:

Эъломия дар бораи инкишофи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония;
Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи илмҳои Эстония ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома байни Донишгоҳи Тарту ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.


01.02.2018

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj