Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Белгия

 Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 29 апрели 1992 барқарор шудаанд.
Соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ гардид, ки он ҳамзамон ҳамчун Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода мебошад.

Сафорати Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон дар ш. Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михел Петерсман мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ ва табодули сафарҳо.

Густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузори Иттиҳоди Аврупо ва мақарри ниҳодҳои асосии он барои Тоҷикистон аҳамият дорад.

Чаҳор маротиба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссел сафари расмӣ анҷом дод:

25-26 марти 2003 ва 9-10 октябри 2004 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон аз Шоҳигарии Белгия сурат гирифт, ки дар ҷараёни онҳо мулоқот бо Подшоҳи он кишвар Алберти II ва доираҳои тиҷоратии Белгия баргузор гардид.

Ҳангоми сафари навбатии расмии Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Белгия, ки 9-11 феврали соли 2009 баргузор шуд, мулоқотҳои ӯ бо Сарвазири Белгия Х.Ван Ромпей ва Раиси Сенати он кишвар А. де Деккер доир шуданд.    

Сарвари давлат инчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ва мулоқот бо тоҷикони муқими Белгия иштирок намуд. Инчунин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Белгия баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чаҳорчӯби боздиди Президент Э. Раҳмон ба Белгия ҳафт санади дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, маориф ва ғайра ба имзо расиданд.

31 майи 2009 Сарвазири Подшоҳии Белгия Ҳерман Ван Ромпей бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон Ҳ.Ван Ромпейро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Белгия, амният дар Афғонистон, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, нақшаю барномаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин 3-4 майи соли 2012 муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Крим ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом доданд.

9-12 апрели соли 2013 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел баргузор гашт. Зимни сафари мазкур Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва инчунин бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидиер Рейндерс ва бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау вохӯриҳо барпо намуд. Зимни ин сафар ду санад ба имзо расид: 1. Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо; 2. Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия.

16 октябри соли 2017 аввалин ҷаласаи Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия дар шаҳри Брусел баргузор гардиданд, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд. Ҳайати Белгияро Директори генералии Хадамоти федеоалии корҳои хориҷӣ оид ба равобита дуҷониба хонум Аник ванн Калстер  роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар бораи рӯйдодҳои сиёсии дар Белгия ва Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста, муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба, нақши Иттиҳоди Аврупо дар Белгия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои амниятӣ ва ҳамкордар мубориза бо тероризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди мӯҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамкории байнипарлумонӣ. Миёни кишварҳо инчунин ҷаласаҳои байнипарлумонӣ барпо мегарданд. Ҷаласаи нахустини Комиссияи ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо 14-16 марти соли 2011 дар Брюссел баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он Ёддошти тафоҳум миёни парламентҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгияро ба имзо расид.

Аз 28 ноябр то 1 декабри соли 2016 сафари ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шариф Раҳимзода - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ба ш.Брюссели Шоҳигарии Белгия доир гардид. Дар рафти сафар дар бинои Сенати Белгия вохӯрии ин ҳайат бо аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии сенатор Алайн Дестекс баргузор гардид.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба таври фаъол инкишоф ёфта истодааст.    

Соли 2011 дар Брюссел Бизнес-клуби Белгия – Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он метавонад ҳамчун саҳнаи мусоид барои робитаҳои доимии судовар бо доираи соҳибкорони аврупоӣ ва муаррифии имконоти иқтисодиву сармоягузории мамлакат дар ҷомеаи тоҷирони белгиягӣ истифода шавад.

Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Белгия мунтазам дар шаҳри Брюссел барпо мегардад. 

Мубодилаи мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия дар нуҳ моҳи соли 2017 – 4115,8 долл. ШМА (содирот – 128,3 ҳаз. долл. ШМА; воридот – 4025,2 долл. ШМА).

Пояи қарордодиву-ҳуқуқӣ. Ҳашт аснод байни Тоҷикистон ва Белгия ба имзо расидаанд, ки пояи қарордодӣ-ҳуқуқии робитаҳои дуҷонибаҳоро ташкил мекунанд.
                                                                                                                                                                     14.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj