Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо (Брюссел) дар соли 2001 фаъол гардид. Дар навбати худ, Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз соли 2009) соли 2004 кушода шуд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ. Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СШҲ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаҳои Аврупоӣ, ки соли 2004 ба имзо расида буд ва аз 1-уми январи соли 2010 ба қувваи амал даромад, муносибатҳоро байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи сифатан нав баровард.

Мақсади Созишнома дар фароҳам овардани чорчӯба барои муколамаи сиёсӣ, фароҳам овардани асос барои ҳамкории қонунгузорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, шаҳрвандӣ, илмӣ, саноатӣ, технологӣ ва фарҳангӣ, инчунин мусоидат ба рушди савдо ва сармоягузорӣ, алахусус, дар соҳаи энергетика ва захираҳои обӣ, мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба рушди иқтисодӣ ва тақвият ба саъю кӯшишҳои  Тоҷикистон дар пойдории демократия, рушди иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ ва таъмини гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ифода мегардад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мутобиқи созишномаи СШҲ, ҷаласаҳои Шӯрои ҳамкорӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Кумитаи парлумонии ҳамкорӣ мунтазам барпо мегарданд.

Дар сатҳи минтақавӣ равобити сиёсӣ бо Тоҷикистон дар чорчӯбаи Стратегияи шарикии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2007 аз тарафи Шӯрои Аврупо қабул шудааст,  амалӣ мегардад.

Соли 2005 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо қарор оид ба таъсис додани вазифаи намояндаи махсус оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид, ки аз тавваҷҷуҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ба минтақа гувоҳӣ медиҳад.

Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ равобити дутарафаро дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ вусъат медиҳад. Тавассути гузаронидани вохӯриҳои мунтазами вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегия муколамаи сиёсиро тақвият дода, инчунин шоҳиди ҷорӣ шудани муколамаи таркибӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон гардида, ба иқдомоти Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои маориф, волоияти қонун, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об оғоз бахшид. Стратегия аз ин зиёда ба вусъатёбии ҳамкориҳо дар соҳаи нерӯ ва нақлиёт, таҳдид ва душвориҳои умум (аз ҷумла, идораи сарҳад  ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир), инчунин равобит дар соҳаҳои савдо ва иқтисодиёт кӯмак менамояд.

Амалӣ гардонидани Стратегия тавассути зиёд шудани ҳаҷми кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ карда мешавад. Мувофиқи Барномаи индикативии барои солҳои 2014-2020 Иттиҳоди Аврупо 251 млн. евро барои Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Табодули сафарҳо. Чор маротиба сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо баргузор гашт (феврали 2009 ба ш.Брюссел,  июни 2011 ба ш.Страсбург ва апрели 2013 ва 1-2 декабри 2015 ба ш.Брюссел). Дар доираи аввалин сафар, ки 9-11 феврали 2009 баргузор гашт, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

29 ноябри соли 2012 намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо хонум Кэтрин Эштон дар ҳошияи барномаи сафарҳояш ба Осиёи Марказӣ, аз Тоҷикистон боздид ба амал овард. Зимни сафар, мулоқоти судманду пурмуҳтавои хонум Кэтрин Эштон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Дар 9 моҳи соли 2016 ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 225,753.4 доллари ИМА-ро ташкил кард, ки аз он 122,442.8 миллион доллари ИМА ба содирот ва 103,310.6    доллар ба воридот рост омад.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо хамасола «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистонро барпо менамояд. Ҳамзамон Сафорати Тоҷикистон дар Белгия иди «Наврӯз»-ро дар шаҳри Брюссел қайд мегирад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Аз аввали амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дар дастгирӣ намудани қушунҳои коалитсионии байналмилалӣ дар Афғонистон ва пешниҳод намудани инфрасохтори Тоҷикистон ба афсарони ин кишварҳо ба роҳ монда шудааст, ки боиси гувоҳии мавқеи ягона доштани ҷонибҳо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ҷонибҳо ҳамзамон дар доираи Созмони Умумиҷаҳоинии Савдо ҳамкорӣ менамоянд.

21.12.2016

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj