Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Люксембург

Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон сафорати ғайримуқими кишвар дар Люксембург маҳсуб мешавад. Қароргоҳи Сафорати Люксембург дар Тоҷикистон дар ш.Москва мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ ва табодули сафарҳо. Аз давраи барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Люксембург сафар намудааст. Дар рафти сафари худ моҳи октябри соли 2004, роҳбари давлат бо Сарвазир Жан Клод Юнкер мулоқот анҷом дода, дар партави он сафар Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расида буд.

Рӯзҳои 8-10 июни соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гертсоггарии Бузурги Люксембург сурат гирифт. Дар рафти сафар, сарвари давлат бо Гертсоги Бузург Ҳенри, Сарвазири кишвар Жан-Клод Юнкер, Раиси Парлумон Лоран Моузер ва як қатор ашхоси расмӣ ва доираи соҳибкорони Люксембург мулоқотҳои муфиду созанда анҷом дод.

Зимни мулоқоту музокирот, доираи васеи мавзӯъҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Люксембург, ҳамкориҳои минтақавӣ, амният, масъалаҳои обӣ-энергетикӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ҳамоиши доираи соҳибкорон ширкат варзида, имконоти густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро бо ин кишвар муаррифӣ намуд.

Дар анҷоми мулоқотҳо, Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозсупории дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Люксембург дар бораи алоқаи ҳавоӣ ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдои Люксембург ба имзо расиданд.

19 июли 2010 Вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни он бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот доир намуд.

17 майи соли 2017 дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Аселборн вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро  ба Люксембург солҳои 2004ва 2011 баланд арзёбӣ намуда, пешниҳод гардид, ки барои тақвияти ҳамкориҳои ду ткишвар абзори машваратҳои сиёсӣ  таъсис дода шавад.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Люксембург дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба таври кофӣ фаъол инкишоф наёфтааст.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Дар партави ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Люксембургро барои ишғол кардани мақоми узви ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2013-2014 ҷонибдорӣ намудааст.

16.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj