Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Нидерланд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд 27 июли соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд маҳсуб мешавад.

Қароргоҳи Сафорати Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон дар ш.Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дирк Ян Коп мебошад.

Муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар дар марҳилаи такомул қарор доранд. Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонад яке аз самтҳои авлавиятноки равобити дуҷониба миёни Тоҷикистону Нидерланд бошад.

Моҳи июли соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Нидерланд Созишнома оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармояҳо ба имзо расида буд.

Ҷалби сармояи Нидерланд ба Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак, ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи он кишвар дар соҳаи рушди кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои фермерӣ ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Нидерланд самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба маҳсуб хоҳанд шуд.

Шоҳигарии Нидерланд яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин кишвар яке аз бузургтарин биржаҳои ҷаҳонии алюминий ҷойгир аст, ки метавон аз тариқи он содироти ин маводро аз Тоҷикистон ба роҳ монд.

Моҳи октябри соли 2015 дар ш. Душанбе форуми соҳибкорӣ бо иштироки доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Нидерланд дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гашт.

Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми тиҷорати мутақобила 21045,2  ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 184,7 ҳазор доллар ба содирот ва 172678.7 ҳазор доллар ба воридот рост меояд.                                                                                                                                                                          

03-11-2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj