Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Маҷористон

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар ш. Вена) Исматулло Насрединов мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Остона) Андраш Барани мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устоворанд. Аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд.

Тамосҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар сатҳҳои гуногун идома доранд.

Моҳи феврали соли 2004 Муовини якуми вазир, Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Маҷористон - А.Баршон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.  Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмии кишвар вохӯрд.

17 январи соли 2011 дар шаҳри Душанбе нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон  баргузор гардиданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷористон рӯзи 10 июни соли 2011 ба муносибатҳои ду кишвар такони тоза бахшид. Дар ҳошияи сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Маҷористон - ҷаноби Пал Шмит мулоқот анҷом дод.

Пас аз анҷоми мулоқот, дар ҳузури сарони ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расиданд; Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Маҷористон, Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва Созишнома байни Вазорати кишоварзии ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва рушди деҳоти Маҷористон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди деҳот.   

25 феврали соли 2016 дар ш.Ню-Йорк мулоқоти кории Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи “Дӯстони об”, аз ҷумла бо Муовини Котиби давлатии Маҷористон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Адам Золтан баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об, ба вижа масъалаҳои татбиқи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

28 ноябри соли 2016 дар ш.Будапешт дар доираи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити оби Будапешт-2016 машваратҳои сиёсии байниидоравӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон барпо шуданд. Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои мубрами инкишофи ҳамкориҳои сиёсӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Маҷористон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд. Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Сироҷидин Аслов ва Петер Сийярто Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористонро барои давраи солҳои 2017-2021 ба имзо расониданд.

29 ноябри соли 2016 дар ш.Будапешт дар ҳошияи кори Саммити оби Будапешт-2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Маҷористон ҷаноби Янош Адер атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ду кишвар мулоқоти судманд анҷом дод.

Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар соли 2015 ба 2 134,3 ҳазор доллари ИМА (содирот – 3,4 ҳазор доллар; воридот - 2 130,9 ҳазор доллар) расид.

Дар 9 моҳи соли 2016 ин нишондод 4 754,4 ҳазор доллари ИМА-ро (ҳамагӣ воридот – 4 754,4 ҳазор доллари ИМА) ташкил дод.

Ҳамкорӣ бо Маҷористон дар соҳаи тиб дар ҳоли рушд қарор дошта, айни замон бештар ба хариду фурӯши доруворӣ равона карда шудааст.

Пояи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар ҳоли густариш буда, айни замон аз 8 санади дуҷониба иборат мебошад.

21.12.2016

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj