Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Латвия

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 11 майи соли 1994 барқарор шудаанд.  

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия Қ. Қоимдодов бо қароргоҳаш дар ш. Минск мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эдгарс Бондарс бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд мебошад.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия 8-9 феврали соли 2009 ҳодисаи муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия ба шумор меравад. Дар ҷараёни сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Латвия - В. Затлерс, Сарвазири ин кишвар - И. Годманис, раиси Сейми Латвия  - Г. Даудзе вохӯрда, ҳамроҳ бо ҳамтои латвиягии худ дар бизнес-форуми муштараки Тоҷикистону Латвия иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи ин сафар санадҳои зерин ба имзо расиданд: Баёнияи муштараки Президентони Тоҷикистону Латвия; Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии худдорӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ; Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия; Созишномаи ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия.  
 
11-14 июли 2009 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия - Валдис Затлерс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар дар Қасри Миллат сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон бо Валдис Затлерс баргузор гардид, ки дар натиҷа ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд: Изҳороти муштарак дар бораи густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ ва техникӣ.

4 апрели соли 2014 нахустин машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Латвия дар ш.Душанбе баргузор гардиданд. Ҷониби Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва ҷониби Латвияро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эдуардс Спитрайс муаррифӣ намуданд. Дар вохӯрӣ тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия, омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон, баррасии ҳамкориҳои минтақавӣ ва инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва  вазъият дар Афғонистонро муҳокима намуданд. Ба ғайр аз ин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 муҳокима гардиданд.

9-11 июни 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия - Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Дар ҷараёни сафари зикршуда Андрис Берзинш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.

Зимни ин сафар 5 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расид: Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо; Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳофизати давлатии сарҳади Ҷумҳурии Латвия.

Санаҳои 17-20 октябри соли 2016 Сафири Латвия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Тошканд) ҷаноби Эдгарс Бондарс бо сафари корӣ дар ш.Душанбе қарор дошт. Дар рафти сафари худ, Сафири Латвия бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва ШСКХ “Барқи тоҷик” мулоқоту гуфтушунидҳои самаранок анҷом дод. Зимни вохӯриҳои болозикр масъалаҳои мубрами ташкили сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду кишвар, баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ, коркарди роҳу чораҳои беҳтарсозии ҳамкориҳо, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳокима гаштанд.

Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ. 30 ноябри соли 2013 ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ дар ш.Рига баргузор гардид. Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур Протоколи ҷаласаи нахустин Комиссияи Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расид.

Дар ҳошияи раисии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо 15-18 апрели соли 2015 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Муовини вазири саноат ва технологияҳои нав - А. Рӯзизода барои ширкат дар Форуми кишварҳои ИА ва Осиёи Марказӣ “Green Bridge Forum-2015” ба ш. Рига сафар намуд.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия дар соли 2016 – 6311,3 ҳазор доллари ШМА (содирот - 5121,6 ҳазор доллари ШМА, воридот – 1189,7 ҳазор доллари ШМА)-ро ташкил дод.

Дар 9 моҳи соли 2017 ин нишондод ба 1748,8 ҳазор долл. ШМА (содирот – 116,6 ҳазор долл. ШМА ва воридот – 1632,2 ҳазор долл. ШМА) коҳиш ёфт.

Ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ. Ҳамкорӣ миёни Бойгонии миллии Ҷумҳурии Латвия ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муайян намудани теъдоди латвиягиҳои муқими Тоҷикистон (бадарға шуда буданд), самти ҳамкории гуманитарии ду кишвар ба ҳисоб меравад.   

2 феврали 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйири номи қуллаи «Латвия Шӯравӣ» ба «Қуллаи Латвия» қарор қабул намуд.

Ҳар сол, тавассути барномаҳои таълимӣ оид ба қонуни аврупоӣ ва иқтисодӣ барои кишварҳои Шарикони Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Косово дар Мактаби баъдидипломии ш. Рига шумораи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон давоми 3 моҳ барои такмили ихтисос ба Латвия фиристода мешаванд.

16.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj