Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Литва

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва           Қ. Қоимдодов бо қароргоҳаш дар ш. Минск мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Витаутас Наудужас бо қароргоҳаш дар ш. Остона мебошад.

Муносибатҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). 17 апрели соли 2007 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва - Пятрас Вайтекунас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Зимни ин сафар ҷаноби Пятрас Вайтекунас бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳ. Зарифӣ мулоқот намуд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литваро ба имзо расониданд. Инчунин, Пятрас Вайтекунас бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадсаид Убайдуллоев вохӯрд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Литва 11-13 феврали соли 2009 дар таърихи муносибатҳои тарафайн марҳилаи навро кушод. Ҳангоми ин сафар вохӯриҳои роҳбари давлат бо Президенти Литва - В.Адамкус, Раиси Сейм - А. Валинскасо ва Сарвазири ин кишвар - А.Кубилиус баргузор гардиданд. Дар фарҷоми боздид бо иштироки президентони ҳарду кишвар Бизнес-форуми соҳибкорон баргузор гардид.

Ҳангоми сафар ба Литва чунин ҳуҷҷатҳо ба имзо расонида шудаанд:

- Баёнияи муштарак оид ба рушди муносибаҳои дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Литва оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Литва.

Моҳи майи соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва ба ҳайси Раиси амалкунандаи САҲА - А. Аҷубалис аз Душанбе боздиди корӣ ба амал овард. Дар рафти ин боздид, А. Аҷубалис бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳ. Зарифӣ мулоқот кард. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои гуногун ва вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар моҳи декабри соли 2011 бо мақсади иштирок дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Ҳ. Зарифӣ аз Вилнюс боздид намуд.

Муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ. Литва яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон  миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо Литва дар соли 2016 – 9645,8 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил додааст (содирот - 1508,7 ҳаз. долл. ШМА ва воридот – 8137,1 ҳаз. долл. ШМА).

Дар 9 моҳи соли 2017 гардиши мол ба 6297,5 ҳазор доллари ШМА (воридот – 5874,4 ҳаз. долл. ШМА ва содирот – 423,1 ҳаз. долл. ШМА) коҳиш ёфт.

Заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Литва дар марҳилаи рушд қарор дошта,  айни замон 5 санади расмии ҳамкориро ташкил медиҳад.
                                                                                                                                                                                           01.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj