Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Лаҳистон

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон 11 феврали 1992 барқарор гардидаанд.    

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон (бо қароргоҳаш дар ш. Берлин) Маликшо Неъматов мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд) Пётр Игнатси Ивашкевич мебошад.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). 17 апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Лаҳистонро ба ҳузур пазируфт ва зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

17 апрели соли 1998 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон - ҷаноби Бронислав Геремек, ҳамчун Раиси САҲА аз Тоҷикистон боздиди корӣ ба амал овард. Дар рафти боздид ҷаноби Бронислав Геремек бо Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дод.

Муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Лаҳистон солҳои 2000 инкишоф ёфтанд.

Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ба Душанбе моҳи октябри соли 2002 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Варшава моҳи майи соли 2003 гузошта шуд. Дар чорчӯби сафарҳои мазкур 9 санади муҳими байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, илм, маориф ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ки пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистонро ташкил медиҳанд, ба имзо расонида шудааст.

11 октябри соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Тошканд) ҷаноби Петр Ивашкевичро ба ҳузур пазируфт. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Лаҳистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангу маориф, сайёҳӣ, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ. Ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ яке аз манфиатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Лаҳистон ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, моҳи сентябри соли 2006 дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои коршиносони Тоҷикистону Лаҳистон баргузор гардиданд, ки ба мушаххас гардидани соҳаҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, иштироки намояндагони Лаҳистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Тадж-Build» дар Душанбе дар охири соли 2006 аз иқдомҳои аввалин барои омӯзиши бозори Тоҷикистон ва имкониятҳои он шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ 3-4 ноябри соли 2009 ҳайати Лаҳистон таҳти сарварии Муовини вазири иқтисод - ҷаноби Мартин Королетс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ анҷом дод. Дар рафти боздиди мазкур ҳайати лаҳистонӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла бо намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Инчунин, дар рафти вохӯриҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расид, ки ба муносибатҳои иқтисодии ду давлат таконӣ нав бахшид. Мутобиқи Созишномаи мазкур ҷонибҳо мунтазам баргузории Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро бар душ гирифтанд.

Бинобар ин, 25-26 октябри соли 2010 дар Варшава ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Лаҳистон барпо гардид.

Ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон дар Душанбе 27-28 октябри соли 2011 баргузор шуд.

Ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон 6-7 ноябри соли 2012 дар Варшава ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистонро мавриди омӯзиш қарор дода, самтҳои мушаххасро барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои гуногун муайян карданд. Дар фарҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ Протокол ва созишномаи байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм  ба имзо расонида шуд.

Бо даъвати Муовини Сарвазир, Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Лаҳистон 27-28 июни соли 2013 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  - муҳтарам М. Давлатов бо мақсади иштирок дар Конфронси якуми вазирони кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ба Варшава сафар намуд. Дар чорчӯби Конфронси мазкур Бизнес-Форум баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон маълумот доданд.

Ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ 6-7 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин ҷаласа имконияти муҳокимаи доираи васеи масъалаҳои тарафайн ва манфиатҳо, аз ҷумла ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ фароҳам гашт. Ҷонибҳо дар анҷоми ҷаласа бо мақсади таҳкими робитаҳои иқтисодӣ Протокол ба имзо расониданд. Ҳамзамон, 6 июни соли 2014 дар доираи ҷаласа Форуми соҳибкорӣ миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон гузаронида шуд.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Лаҳистон дар соли 2015 – 5088,5 ҳазор доллари ШМА (содирот – 661,0 ҳазор доллари ШМА, воридот – 4427,5 ҳазор доллари ШМА)-ро ташкил дод.

Дар 9 моҳи соли 2016 ин нишондод 4 802,6 ҳазор долл. ШМА (воридот – 4 718,3 ҳазор долл. ШМА ва содирот – 84,3 ҳазор долл. ШМА)-ро ташкил дод.

Бояд қайд намуд, ки ба маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон ба Лаҳистон ашёи хом мисли нахи пахта, пилла ва алюминий дохил мешаванд.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ, маориф ва илм. Ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ тибқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф ва Барномаи Ҳукумати Лаҳистон барои таҳсил дар Лаҳистон, ки соли 2003 ба имзо расиданд, ба роҳ монда шудаааст.

Тирамоҳи соли 2005 дар Душанбе намоиши филмҳои лаҳистонӣ баргузор гардида,  намояндагони санъати миллии тоҷик дар фестивал ва намоишгоҳҳое, ки дар Лаҳистон барпо мешаванд, иштирок менамоянд.

Моҳи сентябри соли 2007 барои идома додани омӯзиши илмӣ дар донишгоҳҳои Лаҳистон дар доираи барномаи Ҳукумати Лаҳистон ҳашт олими ҷавон аз Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар доираи барномаи мубодилаи байни донишгоҳҳо омӯзгорони лаҳистонӣ ҷиҳати таълим додани донишҷӯёни тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон сафар менамоянд.

15 ноябри соли 2010 бахшида ба рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Лаҳистон дар Консерваторияи миллии Душанбе консерти мусиқии классикии лаҳистонӣ пешкаш гардид.

Бо дастгирии Сафорати Лаҳистон дар Тошканд ва Донишгоҳи санъати синамои Лаҳистон, соли 2014 дар Хуҷанд кинофестивали лаҳистонӣ таҳти унвони “Висла” баргузор гашт. Ифтитоҳи фестивали мазкур 13 декабри соли 2014 дар кинотеатри “Ҷавонон”-и Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомотҳо ва  кинематографияи тоҷик барпо шуд. Фестивали зикргардида бо намоиши комедияи романтикии М. Окорна “Номаҳо ба М.” шурӯъ гардид.

16 июни соли 2015 дар Душанбе ва Хуҷанд фестивали филмҳои лаҳистонӣ баргузор гашт. Ба муносибати боздиди Ноиби Маршал- ҷаноби Ежи Вендерлих аз Тоҷикистон, 3 июли соли 2015 дар Консерваторияи давлатии Душанбе консерти мусиқии классикии лаҳистонӣ  пешкаш карда шуд.

Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ. 19-20 июли соли 2012 узви Ҳизби “Civic Platform”-и Парлумони Аврупо - ҷаноби Равел Тсалевскӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Кулоб ва Хоруғ боздиди корӣ анҷои дод. Зимни боздид ҷаноби Равел Тсалевскӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шариф Раҳимзода мулоқотҳо анҷом дод.

3-4 июли соли 2015 ҳайати Сейми (Парлумон) Лаҳистон таҳти роҳбарии Ноиби Маршал - ҷаноби Ежи Вендерлих ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Дар ҳошияи ин боздид вохӯрии ӯ бо Муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - С. Фелалиев ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.

Инчунин, дар ҳошияи ин боздид ҳайати мазкур ба Норак сафар намуда, аз НОБ-и Норак дидан намуд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ зиёда аз 15 созишномаро дарбар мегирад.


                                                  22.12.2016

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj