Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Британияи Кабир

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Британия 15 январи соли 1992 барқарор шуданд.
20 декабри соли 2001 Сафорати Британияи Кабир дар ш. Душанбе кушода шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт мебошад (эътимодномаро ба Президенти Тоҷикистон дар таърихи 10 марти соли 2015 супорид).

11 феврали соли 2008 дар  Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳои расмӣ). Соли 2002 Муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир - Ҷон Макгрегорӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Аз 25 феврал то 1 марти соли 2003 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба Британияи Кабир сафар намуд. Зимни сафари мазкур мулоқоти Вазир бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, инчунин профессорони Донишгоҳи Кембриҷ барпо гардид.

7 июли соли 2006 Гертсоги Йорк ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни сафари худ Гертсоги Йорк дар маросими ифтитоҳи Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ширкат варзида, бо Президенти кишвар мулоқот намуд. Инчунин, номбурда аз ноҳияи Ҷомӣ ва ш. Қурғонтеппа боздид намуд.

Дар ҷараёни сафари дуюми худ, ки санаи 26-28 октябри соли 2008 баргузор гардид, Гертсог ба ноҳияи Варзоб ҷиҳати шинос шудан бо рафти иҷрои лоиҳаҳои британиягӣ дар ин минтақа сафар намуд. Инчунин, мулоқотҳои ӯ бо Президент ва Вазири корҳои хориҷӣ барпо гардиданд.

Моҳи ноябри соли 2010 Муовини доимии вазири Британия оид ба  ҳамкорӣ - Саймон Фрейзер ба Тоҷикистон ташриф овард. Номбурда бо Президент, Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири мудофиаи Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

23 - 24 августи соли 2011 Муовини маршали ҳавоӣ, Ёвари сардори Сарситоди қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир - Греҳам Ҳовард бо ҳамроҳии ду нафар намояндаи Вазорати мудофиаи Англия - роҳбари барномаҳои ҳамкории Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СААШ - капитан Ҷ.Т.Холловей ва лейтенант Р.Коган ба Душанбе сафар карданд.

16 октябри соли 2011 Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир - ҷаноби Алан Данкан ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар номбурда бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Аз 29 то 1 марти соли 2012  Вазири қувваҳои мусаллаҳ ва аъзои Парлумони Британияи Кабир - Ник Ҳарвей ба Душанбе ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои рушди муносибатҳои низомӣ байни Тоҷикистон ва Британия сафар намуд. Зимни сафари мазкур номбурда бо Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири мудофиа - Шералӣ Хайруллоев ва Вазири корҳои хориҷӣ - Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод.

6 сентябри соли 2013 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ - Баронесса Саида Варсӣ, ки бори нахуст ба Тоҷикистон  сафар дошт, барпо гардид.

Аз 1 то 3 июли соли 2014 сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - С. Аслов ба Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор гардид. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар, Вазир бо ашхоси расмии Британияи Кабир, аз ҷумла Вазири аршади Британияи Кабир - Баронесса Саида Варсӣ, Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир - Алан Дункан, Спикери Палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир - Баронесса Де Соуза ва Президенти Бонки аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд - Сума Чакраборти мулоқотҳо анҷом дод. Инчунин, Вазири корҳои хориҷӣ дар назди вакилони парлумони Британияи Кабир баромад намуда, бо намояндагони доираҳои иқтисодии Британияи Кабир ҷиҳати муҳокимаи дурнамои ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ барпо намуд.

9 июни соли 2015 муовини директори Департаменти Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, Крейг Фултон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» 2005-2015 ширкат варзид.

Аз 22 то 26 сентябри соли 2015 роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи  Департаменти Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, Ҳелен Уолкер ба Тоҷикистон бо сафари шиносоӣ ташриф овард. Зимни сафар хонум Уолкер ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф овард. Ҳамзамон, Ҳ.Уолкер бо Раиси Кумита оид ба ҳамкории байналмилалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олим Салимзода мулоқот намуд.

15 феврали соли 2016 Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) Десмонд Свейн бо мақсади татбиқи қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Британияи Кабир 31 миллион фунт стерлингро барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо намудааст.

Ҳамкории байнипарлумонӣ. Соли 2009 намояндагони Парлумони Британия (иборат аз 8 нафар), гурӯҳи парлумониро оид ба Осиёи Марказӣ ташкил намуданд. Роҳбари гурӯҳ - Лорд Вейверли таъин гардид. Аз соли 2013 гуруҳи мазкурро Баронесса Вивен Стерн – узви палатаи Лордҳо роҳбарӣ менамояд.

Ҳамкории ҳарбӣ. Дар чорчӯби ҳамкории Тоҷикистон бо СААШ, инчунин дар робита ба дастгирии қувваҳои коалитсионии СААШ дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкории ҳарбиро барқарор намуданд. Машваратҳои ҳарбӣ байни вазоратҳои мудофиаи ду давлат ҳарсола баргузор мегарданд.

Ҳамкории иқтисодӣ. Вазорати байналмилалии рушди Британия, ки барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатиро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ идора мекунад, дар Тоҷикистон аз соли 2003 фаъолият дорад.

Дар чорчӯбаи барномаи байналмилалӣ оид ба расонидани мусоидат, Британия маблағи 27.5 миллион доллари ШМА-ро (14 миллион фунт-стерлинги британӣ) барои лоиҳаҳое, ки дар қаламравӣ Осиёи Марказӣ дар солҳои 2011-2015 амалӣ мегарданд, ҷудо намудааст.  

Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Британия дар самти иқтисод ва савдо дар марҳилаи рӯ ба тарақӣ қарор дорад. Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ ҳаҷми умумии гардиши молу колои ду кишвар чунинанд: ҳаҷми умумӣ маблағ дар соли 2016 –- 3723,1 ҳаз. доллари ИМА (воридот-3082,5ҳаз. доллари ШМА ва содирот-640,6 ҳаз. доллари ИМА);

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2017 (январ-сентябр) – 3428,7 ҳазор доллари ИМА (воридот –  2856,9 ҳазор доллари ИМА, содирот – 571,8 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Аз 15 то 18 апрели соли 2013 нахустин сафари ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир ба Тоҷикистон барпо гардид.

Ҳадафи сафари мазкур шиносоӣ бо фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ. Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, созишномаҳои зеринро дар бар мегирад:

1. «Оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ширкати қӯшунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъйю кӯшишҳои байналмилалӣ доир ба таҳким ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» (18 апрели соли 2013 дар ш. Душанбе);

2. Созишнома оид ба андозбандии дукарата (1 июли соли 2014 дар шаҳри Лондон).


01.02.2018

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj