Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Юнон

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Юнон 30 сентябри соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Москва) Андреас Фриганас мебошад.

Муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ. 20 майи соли 2008 машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Юнон дар ш. Душанбе баргузор гардиданд. Тибқи барнома, ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба, вазъи сиёси-иҷтимоӣ ва вазъияти иқтисодӣ дар ҳар ду кишвар, мавзӯи ҳамкориҳои минтақавӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Юнон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили САҲА ва СММ, табодули назар карданд.

17 сентябри соли 2008 дар шаҳри Париж Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои юнонии худ хонум Дора Бакоянни мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ муҳокима карда шуданд.

3 декабри соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Юнон Михел Спинеллисро ба муносибати супоридани нусхаи эътиборномааш ба ҳузур пазируфт.

Ҳамкории байналмилалӣ. Ҳамкории байналмилалии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Юнон дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ  инкишоф ёфта истодаанд.

1 декабри соли 2009 дар шаҳри Афина дар чаҳорчӯби 17-м вохӯрии вазирони САҲА Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Юнон ҷ-би Георг Папандреу мулоқот намуд.  Зимни мубодилаи афкор тарафҳо ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Юнон, хусусан дар соҳаи иқтисод ва савдо, инчунин  масъалаҳои дигари минтақавӣ  аҳамияти асосӣ зоҳир намуданд.

Ҳамкории иқтисодӣ.

Бахшҳои асосии содирот пахтаи маҳинах, сангҳои қиматбаҳо ва алюминий мебошад. Ва бахшҳои асосии воридот аз маҳсулоти химиявӣ, лавозимоти механикӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои лафозимоти саноати бофандагӣ ва ғайра иборат аст.

Ҷиҳати вусъат додани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Юнон имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд. Яке аз онҳо ин гузаронидани Бизнес-Форум байни тоҷирони Тоҷикистону Юнон мебошад.

Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ ҳаҷми умумии гардиши молу колои ду кишвар чунинанд: ҳаҷми умумӣ маблағ дар соли 2016 – 277,4  ҳаз. доллари ИМА (воридот - 274,2 ҳаз. доллари ШМА ва содирот - 3,2 ҳаз. доллари ИМА);

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2017 (январ-сентябр) – 919,3 ҳазор доллари ИМА (воридот –  919,3 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод.
 
Маҳсулоти асосии воридот – техникаю таҷҳизот, масолеҳи сузишворӣ ва ғ.

Пояи ҳуқуқӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории ҳарчи зудтари бунёди пояи қарордоду ҳуқуқии зарурии Тоҷикистону Юнон мебошад.

01.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj