Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Италия

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия 15 майи соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреа Бертотси (бо қароргоҳаш дар Тошканд) мебошад (аз соли 2016).

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия ҷаноби Идибек Қаландар мебошад (бо қароргоҳаш дар Вена).

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо).21-22 майи соли 2007 сафари Котиби давлатии Ҷумҳурии Италия оид ба корҳои хориҷӣ - сенатор Ҷианни Вернетти ба Тоҷикистон барпо гардид. Ҳангоми сафари худ сенатор Вернетти бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии назорати маводи мухаддир ва Муовини вазири корҳои хориҷӣ мулоқотҳо ба анҷом расонд.

2 апрели соли 2009 Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Италия - сенатор Алфредо Мантика аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кард. Зимни боздид ӯ бо Раиси Маҷлиси Намояндагон - С. Хайруллоев, Сарвазир - О.Оқилов ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон - Ҳ.Зарифӣ мулоқот намуд. Ҳангоми сафари мазкур ду санад: Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва техникӣ ва Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия ба имзо расиданд.

12-13 сентябри соли 2010 ҳайати Италия бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисоди Италия - А.Урсо ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар рафти ин сафар вохӯрии ҳайат бо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, Палатаи савдо ва саноат ва соҳибкорони тоҷикистонӣ сурат гирифтанд.

1 июли соли 2016 ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило»- “Salini Impregilо” барандаи озмуни байналмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» гардид. Созишнома барои лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” 1-уми июл миёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия имзо гардид. Маблағи умумии созишномаи имзошуда байни НБО «Роғун» ва «Салини Импреҷило» 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 1 милларду 950 миллион доллараш барои сохтмони садди асосии нерӯгоҳ пешбинӣ шудааст.

Ҳамкории иқтисодӣ.Дар соли 2003 «Муассисаи тиҷоратии Италия» намояндагии хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, фаъолиятро дар соҳаи таъмини таҷҳизот барои мошинҳои сабук ва боркаш ба роҳ монд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ширкати муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ» дар соҳаи истеҳсоли либос фаъолият менамояд.

20 июли соли 2015 мулоқоти  Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шариф Саид бо ҳайати иқтисодии Италия таҳти роҳбарии Сардори Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба тараққиёти ҳунармандӣ - ҷ-би Энзо Фалоччи барпо гардид.  

Ҳайати Италия бо даъвати Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда, барқарор намудани ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон, инчунин ҷустуҷӯи шариконро муҳокима намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба, инчунин роҳҳои мустаҳкам намудани онҳоро баррасӣ карданд.

Гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия:

Дар 9 моҳи соли 2017 (январ-сентябр) ҳаҷми умумии савдо байни ду давлат 19980,2 ҳазор доллари ШМА (содирот 11531,8 ва воридот – 8448,4 ҳазор доллари ШМА)-ро ташкил дод.

Ҳамкорӣ дар соҳаи амният. Дар давоми солҳои охир шарикии стратегии ду давлат дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояти муташаккил, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба роҳ монда шудааст.   Ҷумҳурии Италия яке аз кишварҳои донор зимни ташкили Агентии назорати маводди мухаддир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба мулоқоти намояндагони Агентӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Италия барпо гардида, барои кормандони Агентӣ давраҳои омӯзишӣ дар Италия ташкил карда шуданд.

Пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ. Айни замон байни ду давлат 5 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.  

1.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj