Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Испания

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания 4 августи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Педро Хосе Санс Серрано (бо иқоматгоҳаш дар ш. Остона) мебошад.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳои расмӣ). Муносибатҳои сиёсии дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли густариш мебошанд.

Соли 2007 Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания  -Мигел Ангел Моратинос дар давраи раисии Испания дар САҲА ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳоихориҷӣ - Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот кард.

18 июли 2010 Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания Мигел Моратинос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карда, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрохон Зарифӣ вохӯрӣ намуд. Дар ҷараёни ин боздид Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания ба имзо расид.

Ҳамкории иқтисодӣ.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар соҳаи иқтисоду тиҷорат дар ҳоли инкишоф аст. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Испания дар соли 2009 ба 1008,6 ҳазор доллар (воридот –1001,6 ҳазор доллар; содирот – 7.0 ҳазор доллар) расида, дар зарфи 6 моҳи соли 2010 маблағи 96,2 ҳазор доллар (воридот- 96,2 ҳазор доллар; содирот- 0), дар соли 2012 - 859 ҳазор доллар (воридот 859, содирот - 0)-ро ташкил намуд. Дар соли 2013 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба 1564,6 ҳазор доллари ИМА (воридот - 1510,5, содирот - 54,1)-ро ташкил кард. Дар соли 2014 ҳаҷми умумии тиҷорати дуҷониба байни ду давлат 7971,1 ҳазор доллари ИМА (танҳо воридот) ташкил кард. Дар соли 2016 ҳаҷми умумии тиҷоратӣ 1843,4 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод (танҳо воридот).

Дар 9 моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии тиҷорати дуҷониба 4101,7 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод (танҳо воридот).

Испания кишвари саноатӣ-аграрӣ мебошад ва дар саноати сайёҳӣ ва энергияи таҷдидшаванда яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳон Испания дар соҳаи туризм ҷои дуюмро ишғол мекунад ва даромад аз он ба   40 млрд. евро мерасад.

Соли 2010 Испания дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда аз ИМА пеш гузаштааст. Бояд гуфт, ки 50% энергияи барқии Испанияро осиёбҳои барқии шамолӣ ташкил мекунанд (истеҳсол карда мешавад).

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ:

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли ташаккул қарор дорад ва танҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Испания (18.07.2010, Душанбе) имзо шудааст.

16.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj