Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз аввалин кишварҳое буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил эътироф намуд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 14 феврали соли 1992 барқарор гардида, моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершай мебошад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим мебошад.

Муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ. 12 феврали соли 2010 дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардиданд. Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ роҳбарӣ намуд.

31 августи соли 2010 дар Душанбе вохӯрии тафсирии машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Review of Tajikistan – US annual bilateral consultations) барпо гардид, ки зимни он ҷонибҳо аз дастовардҳо ва камбудиҳо дар амалисозии Нақшаи корӣ  изҳори назар намуданд.

11 апрели соли 2011 дар Душанбе дуюмин машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардиданд. Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур Вазири корҳои хориҷӣ роҳбарӣ намуд.

29 сентябри соли 2011 дар Вашингтон вохӯрии навбатии тафсирии шашмоҳаи Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардид. Дар он чор самти асосие, ки дар Нақшаи кории нав муайян шудаанд: амнияти сарҳад, муносибатҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя, воридшавӣ ба СУС ва ҳамкорӣ дар соҳаи маориф – муҳокима гардиданд. Ҳайати Тоҷикистонро Сафири Тоҷикистон дар ИМА роҳбарӣ намуд.

21–22 октябри соли 2011 Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - хонум Ҳиллари Клинтон ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод, ки дар рафти он рӯзи 22 октябр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда мулоқоти муфид доир намуд.

17 майи соли 2012 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ - Ҳамрохон Зарифӣ дар машваратҳои солонаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзид.

21 феврали соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи бознигарии солонаи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур Вазири корҳои хориҷӣ роҳбарӣ намуд.

23 апрели соли 2013 мулоқоти намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ бо Ёвари муовини Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷануби ва Миёна - хонум Линн Трейси ва Ёвари муовини Котиби давлатии ИМА оид ба ҳуқуқи инсон ва меҳнат - хонум Ҷейн Зимерманн барпо гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои дуҷониба, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ғ. баррасӣ гардиданд.

30 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА (USCENTCOM) генерал Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Америка, сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, вазъияти амниятӣ дар Афғонистон дар давоми сол ва баъд аз 2014, мусоидат дар мубориза бар зидди терроризм, бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  баррасӣ шуданд.

27-28 августи соли 2013 мулоқот доир ба бознигарии иҷроиши Нақшаи кории муштарак (Joint Action Plan) оид ба мубориза бо қочоқи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо муҳокимаҳои мутақобила доир ба корҳои ба сомон расонида ва инчунин дурнамои ҳамкориҳоро дар ин самт баррасӣ намуданд.

24 феврали соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Хогландро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар бахши таъмини амният дар минтақа ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд. Инчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн суҳбат оростанд.

12 марти соли 2014 ҳайати кишвар бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳтарам Сироҷидин Аслов ҷиҳати барпо намудани мулоқоти дуҷониба бо масъулини баландпояи Департаменти давлатии ИМА ба Вашингтон сафар намуд.

3 июни соли 2014 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ  -Озода Раҳмон Эмомалӣ Машваратҳои сиёсии навбатии дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи давлатии ИМА, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар ширкат варзиданд, баргузор гардид.

16 июни соли 2015 дар Котиботи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико панҷумин даври Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

17 июни соли 2015 вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сироҷидин Аслов бо Муовини Котиби давлатии ИМА - Энтони Блинкен, Ёвари Вазири мудофиаи ИМА оид ба масъалаҳои амниятӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором - Дэвид Шир доир гардиданд, Раиси зеркумита оид ба масъалаҳои Аврупо ва АвруОсиёи Кумитаи байналмилалии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА - Дана Роҳрабахер ва  Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ - Лора Так.

26-27 августи соли 2015 Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА – генерал Ллойд Ҷ. Остин III ба Тоҷикистон ташриф овард. Номбурда 27-уми августи соли 2015 бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони баъзе мақомоти қудратии кишвар мулоқот намуда, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзоъ дар минтақаҳои доғи Ховари Миёна, андешидани чораҳои муштараки пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

2 сентябри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дениел Розенблум мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ  ва  дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятию сиёсӣ ва мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

1 ноябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов дар Нахустин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар сиғаи “С5+1” дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, иштирок намуд.

Вазирони корҳои хориҷии шаш кишвар масъалаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва гуманитарӣ, аз қабили рушди иқтисод, масоили вобаста ба истифодаи обу энергетика, амнияту суботи минтақавӣ, ченаки инсонӣ ва ҳамкориҳои маорифию фарҳангиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами сиёсати минтақавию глобалӣ ибрози назар карданд.

3 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керриро, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло равобити Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, бахшҳои гуманитарӣ, маориф ва фарҳанг, беҳдошти аҳолӣ, амният мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ғайра бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ба таври самаранок рушд меёбанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Амрико барои таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ собитқадамона талош хоҳанд кард.

Дар мулоқот доир ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳамчунин атрофи  доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

14-15 июни соли 2016 Сарфармондеҳи ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Ҷозеф Л. Вотел ба Тоҷикистон ташриф овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

3 августи соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар сиғаи С5+1, ки дар ш. Вашингтони ИМА баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар рафти чорабинии болозикр масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, муҳити зист ва масъалаҳои башардӯстона мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо лоиҳаҳои дар чаҳорчӯби сиғаи С5+1 таҳияшударо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, муҳити зист ва мубориза бар зидди терроризм баррасӣ намуданд.

21 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе даври шашуми Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА барпо гардиданд. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ М. Ҳусейнзода ва ҳайати Амрикоро Муовини якуми ёвари Котиби давлатӣ У. Тодд роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо маҷмуи масъалаҳои рушди иқтисодӣ, обу энергетика, амниятӣ, башардӯстона ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳарбӣ. Тоҷикистон ва ШМА ҳамкориҳои муфидро дар соҳаи ҳарбӣ ба роҳ монданд. Кишварҳои дар чаҳорчӯби барномаҳои зерин ҳамкорӣ менамоянд:

Маблағгузории низомии хориҷӣ (FMF)

Таҳсилот ва бозомузии байналмилалии низомӣ (IMET)

Барномаи мубориза бо терроризм (CTFP)

Ташаббуси мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати мудофиа (CN)

Барномаи сулхсозии глобали (GPOI)

Барномаи мудофиаи пешгирии ВИЧ/СПИД

Фаъолиятҳои Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳида (CTR)

Барномаҳои кумакҳои башардустона

Ҳамкорӣ барои сулҳ (PfP)

Барномаи ҳамкории давлатӣ (Вирҷиния)

Ҳамкориҳои иқтисодӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расид, ҳамкорӣ менамоянд. Шуруъ аз ҳамон давра ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Шӯрои ТИФА иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавиро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Чорумин ҷаласаи Шӯрои ТИФА 17-18 июни соли 2008 дар ш.Душанбе баргузор гаштааст, ки дар он ҳамчунин ҳайати Афғонистон ба сифати нозир ширкат варзид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА) 4-6 апрели соли 2016 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон барпо гашт, ки ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо С.Назризода дар он ширкат варзид. 

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар 9 моҳи соли 2016 ба 16,957,5 ҳазор доллари ИМА (воридот – 16 924,0 ҳаз. долл. ИМА, содирот – 33,5 ҳаз. долл. ИМА) баробар шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф: Афзоиши мубодилаи теъдоди донишҷӯён ва муаллимон дар ҳар ду самт ба мушоҳида мерасад. Аз ҷониби ИМА якчанд барномаи омӯзишӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, аз ҷумла «Эдмонд Маски», «Фулбрайт», «Флекс», барномаи тадқиқотии «Кокран» ва барномаи иқтисодии «САБИТ». Мувофиқи барномаҳои мазкур, Ҳукумати ИМА ҳар сол ҷавонону олимони тоҷикро барои донишомӯзӣ ба ИМА даъват менамояд. Азбаски дар Тоҷикистон норасоии кадрҳои дорои маълумоти олии ғарбӣ ҷой дорад, васеъ намудани ин барномаҳо ва зиёд кардани шумораи донишҷӯёну олимони тоҷик дар ИМА салоҳ мебошад.

Ба ҷониби америкоӣ тавассути Шӯроҳои америкоӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ пешниҳод гардида буд, ки дар таъсис

20 апрели соли 2011 Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Раҳмонов ва витсе-президенти Коллеҷи шимолии ҷамъиятии Вирҷиния (NOVA)-и ИМА Полл Маквей Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ду мақомотро ба имзо расониданд, ки ба донишҷӯён ва омӯзгорони Тоҷикистон имкони гирифтани таҳсили техникиро дар хориҷи кишвар медиҳад.

Фаъолияти Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ ва гӯшаҳои амрикоӣ дар таълими забони англисӣ ба мактаббачагон ва донишҷӯёни Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегарданд.

Ҳамасола дар доираи барномаҳои Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ, аз қабили барномаи FLEX ва инчунин барномаҳои стипендиалӣ мактаббачагон, донишҷӯён в олимони ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таълимии ИМА идомаи таҳсил менамоянд.

Пояи ҳуқуқӣ: Пас аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёда аз 30 ҳуҷҷат дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расиданд, ки пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд.  

22.12.2016

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj