Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Фаронса

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд.
3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.

Моҳи январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид таъйин шуд.

Айни ҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар (аз 22 ноябри соли 2016) мебошад.

Муносибатҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд.

Фаронса яке аз давлатҳое мебошад, ки соли 1991 мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард. Ташрифи котиби давлатии Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ ҷаноби Ален Вивен ба шаҳри Душанбе моҳи марти соли 1992 далели гуфтаҳои болост. Дар рафти ташриф масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва берунии ду мамлакат, роҳҳои инкишофи муносибатҳои дутарафа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин маросими имзои протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Фаронса моҳи декабри соли 2002 нишондиҳандаи манфиатдории тарафҳо дар тақвиятёбии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

Ҳангоми сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Жак Ширак, раиси Сенат, вазири корҳои дохилӣ, вазири мудофиа, вазири савдои беруна ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса вохӯриҳо доир намуд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар моҳи октябри соли 2005 ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ такони иловагӣ бахшид. Дар доираи сафар Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид. Барои санъаткорони Тоҷикистон мулоқот бо Президенти Фаронса ташкил карда шуд, ки зимни он Жак Ширак ба онҳо мукофотҳои давлатии Фаронсаро тақдим намуд.  

Дар оғози солҳои 2000-ум робитаҳои дуҷониба дар сатҳи баланд инкишоф ёфтанд. Ба таври мисол метавон ба чунин ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба ишора кард: ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардани вазири ҳамкорӣ ва франкофонияи Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Шарл Жосселан моҳи феврали соли 1999, вазири амнияти Фаронса ҷаноби Ален Ришар моҳи январи соли 2002, вазири корҳои хориҷии Фаронса Доминик де Вилпен моҳи сентябри соли 2002, вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Аллио-Мари моҳи декабри соли 2003, вазири савдои берунаи Фаронса ҷаноби Франсуа Лоос моҳи майи соли 2004.

Ҳамкориҳои ҳарбии ду давлат низ оғоз аз соли 2002 то соли 2013, махсусан дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инкишоф ёфтанд. Боздидҳои охирини вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Аллио-Мари 17-19 декабри соли 2005, 20-21 июл ва 16-18 декабри соли 2006 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар доираи ин боздидҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳо доир намуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумлаи чунин масъалаҳо ин тамдид намудани мӯҳлати иқомати қисми ҳарбии Ҷумҳурии Фаронса дар фурӯдгоҳи ш.Душанбе буд, ки дастгирии техникии қувваҳои коалитсиониро дар Афғонистон бар ӯҳда дошт.

Моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкории байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар доираи ин созишнома низомиёни тоҷик ҳар сол дар машқҳо ва чорабиниҳо, ки тибқи нақшаи ҳамкории ҳарбӣ баргузор мешаванд, иштирок намуда, донишҳои зарурӣ мегиранд.

11-12 апрели соли 2008 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Бернар Кушнер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Б.Кушнерро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ муҳокима гардиданд.

28 ноябри соли 2012 дар ш.Париж дар бинои Сенати Фаронса Ассотсиатсияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Раиси Ассотсиатсия якдилона собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани интихоб гардид.

30 сентябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

8 декабри соли 2016 дар ш.Париж дар таърихи муносибатҳои дуҷониба нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуданд, ки зимни онҳо доираи васеи масъалаҳои муносиботи дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Фаронса, мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрҷониба (мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир, таъмини рушди устувор), муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили байналмилалӣ, аз қабили вазъи Афғонистон ва Ховари Миёна муҳокима гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.

29 марти соли 2017, бо даъвати Вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Фаронса ҷаноби Жан-Марк Эро, дар ш.Париж вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ ба ифтихори 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса барпо гашт. Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.            

Робитаҳои байнипарлумонӣ. Вақтҳои охир тамоюли рушди муносибатҳои парлумонии ду кишвар мушоҳида мешавад. Апрели соли 2011 ҳайати гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Сенати Фаронса – Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Андрэ Дюле ва моҳи июни соли 2011 «Маъмурият оид ба геополитикаи об»-и Ассамблеяи миллии Фаронса таҳти роҳбарии Лионнел Люка ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ҷараёни сафар мулоқотҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ М. Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш. Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардиданд.

2 сентябри соли 2013 сафари гурӯҳи парлумонии дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон”-и Сенати Ҷумҳурии Фаронса таҳти роҳбарии ҷаноби Андрэ Дюле баргузор гардид.  

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ. Бо мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳангоми сафарҳои вазири мудофиаи Фаронса ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро гурӯҳи соҳибкорон ва иқтисодшиносон ҳамроҳӣ мекард, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта мешуд. Дар натиҷаи чунин мулоқот дар бораи таъсиси Клуби соҳибкории Тоҷикистону Фаронса қарор қабул карда шуд.

Намояндагони доираҳои соҳибкории Фаронса ҳамчунин бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ вохӯрда, масъалаҳои марбут ба фазои сармоягузорӣ дар кишварро муҳокима мекарданд. Зимни чунин вохӯриҳо якчанд лоиҳаҳо дар соҳаҳои бонкдорӣ ва энергетика, инчунин саноати хӯрока пешниҳод гардида буданд.  

8 августи соли 2008 дар ш.Душанбе Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид. Муфовиқи Протоколи мазкур ҷониби Фаронса ба Тоҷикистон ба маблағи 17 млн. евро қарзи имтиёзнок медиҳад. 19 ноябри соли 2008 Созишнома дар асоси Протоколи номбурда ба имзо расид. Маблағи мазкур барои амалӣ гардонидани лоиҳаи сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешбинӣ мегардид. Мӯҳлати амалисозии лоиҳа 2 сол буд. Сохтмони терминали навро ширкатҳои фаронсавии «Sofema Group» ва «Alpha Airport» анҷом доданд.

1 майи соли 2009 дар Душанбе Протоколи иловагӣ ба имзо расид. Тибқи санади мазкур барои татбиқи лоиҳа, ки бояд сентябри соли 2011 ба анҷом мерасид, Фаронса иловатан 3 млн. еврои дигар мебоист ҷудо намояд. Ҳамин тариқ, маблағи умумии ҷониби Фаронса дар амалӣ намудани ин лоиҳа ба 20 млн. евро расид. Дар маҷмӯъ, тибқи нақшаҳо Фаронса барои бозсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 49 млн. евро сарф кард.

18 октябри соли 2009 дар рафти сафари Намояндаи махсуси Президенти Фаронса оид ба масоили Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Тиерри Марианӣ ба Тоҷикистон маросими расмии сохтмони терминали Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор шуд.

3 сентябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 90-уми таъсиси авиатсияи граждании тоҷик ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд. Зимни шиносоӣ бо шароити кории терминали нав, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дар асоси қарордод миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса ва миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати фаронсавии «Винчи Констракшин Гранд Проҷектс – VINCI» дар муддати 20 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуд.

Қобили таъкид аст, ки 24 апрели соли 2015 дар ш.Душанбе Форуми нахустини соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Фаронса бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи ширкатҳои Фаронса – МЕДЕФ Интернейшнл ва роҳбарони соири 20 ширкату корхонаҳои франсавӣ доир гардид.

Моҳи ноябри соли 2015 дар ш.Париж ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Қодири Қосим бо сафари корӣ қарор дошт. Зимни сафар ҳайати соҳибкории Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассотсиатсияи МЕДЕФ Интернейшнл бо роҳбарияти он ва ширкату корхонаҳои фаронсавӣ мулоқоту музокироти судманд анҷом доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо миёни Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи МЕДЕФ Интернейшнл Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, Шӯрои соҳибкорони Фаронса-Тоҷикистон таъсис ёфт.

21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин Маркази тиҷоратии “Душанбе мол”-ро ифтитоҳ намуд.

Ҳиссаи назарраси масоҳати Маркази тиҷоратӣ ба ташкили гипермаркети “Ашан” рост меояд. Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии “Шивер Интернейшнл” гипермаркети нахустини “Ашан”-ро дар Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «SchieverTadjikistan» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби ҶСП “Евразия”, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии “SchieverInternational” таъсис ёфт. Мавриди зикр аст, ки ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо – гипермаркет дорад. Барои таъмини фаъолияти гипермаркети «Ашан» дар Маркази савдои Душанбе-мол то 400 ҷойи кории нав ва зиёда аз 70 ҷойи корӣ барои раёсати идоракунӣ ташкил карда шуд.

Аз соли 2015,дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ дар фурудгоҳи ш.Душанбе,мақомоти марбутаи ду кишварбо мақсади татбиқи амалии лоиҳаи мазкур гуфтушунид бурда истодаанд.

Боиси зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни ҳол атрофи 25 ширкату корхонаҳои Фаронса, аз ҷумла Airbus, Alstom, Auchan, Coyne et Bellier, Total, Gemalto, Isover Saint-Gobain, L’Oreal, Michelin, Nutristar, Sofreco ва ғайраҳо, фаъолият мекунанд.

Ҳаҷми савдои беруна миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар 9 моҳисоли 2017,3 млн. 382,7 ҳаз.долл. ИМА-ро ташкил дод (воридот – 3 млн. 206,9 ҳаз. долл. ИМА, содирот –175,8 ҳаз. долл. ИМА).

Муносибатҳои фарҳангӣ ва маорифӣ. Тоҷикистон ва Фаронса муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ (аз моҳи декабри соли 2002) ба роҳ мондаанд. Дар заминаи созишномаи мазкур дар ш.Душанбе Маркази фарҳангию-маорифии “Бохтар” (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маорифӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии “Бохтар” курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.

Дар соли хониши 2016-2017 дар донишгоҳҳои Фаронса 20 нафар донишҷӯёни тоҷик (10 нафар дар шуъбаи бакалавриат ва 10 нафар дар шуъбаи магистратура) таҳсили илм мекарданд, ки ҳамаи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик ба тариқи барномаи Иттиҳоди Аврупо Erasmus Mundus ва Erasmus+ пешниҳод мегардиданд.  

  
Шурӯъ аз 3 октябри соли 2013 дар Институти миллии забонҳои шарқии Ҷумҳурии Фаронса забони тоҷикӣ ба барномаи таҳсил таҳти унвони “забон ва фарҳанги тоҷикӣ” ҷорӣ гардидааст.

Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) идораи барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.  

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Миёни Тоҷикистону Фаронса 17 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа, бехатарии дохилӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

 

01.02.2018

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj