Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Австрия

18 январи соли 1992 Ҷумҳурии Австрия истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, 25 марти соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Австрия барқарор гардиданд. Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вена моҳи декабри соли 1997 ва Сафорати Ҷумҳурии Австрия дар Тоҷикистон соли 2007  бо иқомат дар ш. Остона (Қазоқистон) инъикосгарӣ таваҷҷуҳи тарафайн  дар густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек (25.09.2017)  мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Остона) - Герхард Сайллер мебошад.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Муносибатҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия, ки дар рафти вохӯриҳои сарони кишварҳо ва роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ муайян шудаанд, ҳамчун муколамаи созанда арзёбӣ мешаванд.

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи тарафҳо ба ҳамкории минбаъда дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими амният, ҷонибҳо дар мавриди баргузор намудани машваратҳои сиёсии солонаи даврӣ дар пойтахтҳои якдигар тасмим гирифтанд.

Даври якуми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат бо иштироки ҳайати Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия санаи 21-23 феврали соли 2007 дар Душанбе баргузор гардид.

Машваратҳои сиёсии навбатӣ рӯзи 7 майи соли 2009 дар Душанбе барпо карда шуданд, ки мавқеъ ва бархӯрди ҳамсони чонибҳоро дар иртибот ба таҳдиду чолишҳо ва ҳаллу фасли низоъҳои минтақавӣ, бахусус мушкилоти Афғонистон равшан сохт. Инчунин, бо мақсади инкишоф додани муносибатҳои дуҷониба дар оянда, ҷонибҳо  масъалаи барпо намудани сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Австрияро дар соли 2011 мавриди баррасӣ қарор доданд.

30 март – 1 апрели 2011 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Австрия сурат гирифт.

1 апрели соли 2011 дар шаҳри Вена даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни ду давлат ба вуқӯъ пайваст. Дар рафти машваратҳо масоили вобаста ба вазъи кунунии ҳамкорӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳоро муҳокима намуданд.

7 июни соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд.Зимни ин сафар Президенти Тоҷикистон бо Президенти Австрия Ҳайнтс Фишер мулоқот намуда, масоили ҳамкории ду кишварро муҳокима намуданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои зерини ҳамкорӣ дар ҳузури сарони давлатҳо ба имзо расиданд: Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва Созишнома миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия.

Мулоқоти навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Австрия, ки 8 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, табодули назар ва ҳамфикрии ҷонибҳоронисбат ба таҳдидҳо ва мушкилот, инчунин роҳи ҳалли сиёсии низоъҳои минтақавиро, аз ҷумла дар Афғонистон нишон дод.

12-14 марти соли 2013 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон барпо гардид. Зимни сафари мазкур Ҳайнтс Фишер бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

-Протокол ба Протоколи Конвенсия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

-Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи федеролии тиҷоратии Ҷумҳурии Австрия;

-Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти стандартизатсияи Ҷумҳурии Австрия.

Ҳамчунин, дар рафти ин сафар Ҳайнтс Фишер ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия ташриф овард.

Дар ҷаласаи панҷуми машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Австрия дар таърихи 26 марти соли 2014 дар Вена, муносибатҳои кунунии дуҷониба, рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқии вобаста ба манфиатҳои тарафайн баррасӣ гардиданд.

12 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Дабири кулли Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишвар баргузор гардиданд. Дар рафти машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Австрия дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар соли 2017 (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

Дар рафти сафар Дабири кулли Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов низ вохӯрӣ гузаронд.

Дар Парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис дода шудаанд ва байни ин гурӯҳҳо муносибатҳо барқарор мебошанд. Нахустин мулоқоти роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Австрия, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Муғулистони парлумони Австрия, хонум Кристине Муттонен рӯзи 26 феврали соли 2016 дар шаҳри Вена дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии САҲА баргузор гардид.

6 июни соли 2016 дар ш. Душанбе даври ҳафтуми машваратҳои сиёсӣ миёни ду давлат баргузор гашт. Дар рафти машваратҳо масоили вобаста ба вазъи кунунии ҳамкорӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.

3-5 апрели соли 2017 сафари ҳайати соҳибкорони Австрия ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Раёсати тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Палатаи федералии иқтисодии Австрия доктор Михаил Ангерер баргузор гардид. Соҳибкорони австриягӣ дар ҳамоиши муштарак бо ҳамтоёни худ имконияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

6 октябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои хориҷии Австрия Александр Марекро ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохӯрӣ, ки дар доираи раисии Австрия дар САҲА сурат гирифт, ҷонибҳо ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамчунин ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

19 октябри соли 2017 дар шаҳри Вена таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Александр Маршик машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардиданд. Дар рафти машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Австрия дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар соли 2017 (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. 24 феврали соли 1994 дар ш. Вена Созишнома оид ба барқарор намудани ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия ба имзо расонида шуд.

Бо мақсади рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ, 8-9 декабри соли 2003, ҳайати иқтисодии Австрия, таҳти роҳбарии Сафири Австрия дар Тоҷикистон Х.Гюрер ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар рафти сафар як қатор вохӯриҳои расмӣ бо роҳбарияти кишвар, ҳамчунин намояндагони тиҷоратии Австрия бо роҳбарони корхонаҳо ва ширкатҳои пешқадами Тоҷикистон Тоҷикистон  вохӯриҳо гузарониданд.

26 - 28 апрели соли 2005 дар Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид. Пас аз анҷоми ин нишаст ҷонибҳо барои таҳкими равобити дуҷонибаи иқтисодӣ Протоколи ҷаласаи комиссияро имзо карданд.

14-15 ноябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид. Вохӯрӣ имкон дод, ки доираи васеи масоили марбут ба манфиатҳои тарафайн, аз ҷумла ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Австрия  санаи 2-4 июни соли 2008 ба вуқӯъ пайваст.

Бо мақсади омӯзиши шароит ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат намояндагони Палатаи федералии иқтисодии Австрия дар таърихи 16-18 октябри соли 2008 ба Тоҷикистон ташрифи оварданд. Аъзоёни ҷомеаи соҳибкорони ду кишвар аҳамияти мулоқот ва гуфтушунидҳои байни намояндагони бахши хусусиро баланд арзёбӣ карданд.

Масъалаҳои рушди иқтисодӣ, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди тиҷорат байни ду давлат, ҳамкорӣ дар соҳаи манбаҳои таҷдидшавандаи нерӯ, туризм, кишоварзӣ ва ғ. дар рафти ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия 14-16 декабри соли 2010 баррасӣ гардиданд.

Ҷаласаи чаҳоруми Комиссияи муштараки иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Австрия дар шаҳри Вена 27-28 сентябри соли 2012 барпо шуд.

Дар ҳошияи сафари Президенти Австрия ба Тоҷикистон дар соли 2013 бизнес-форуми иқтисодӣ бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии ду давлат баргузор гардид.

Дар анҷоми бизнес-форум 2 созишнома ба имзо расонида шуд:    

•Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва ширкати австриягии "FқӯqғӯntisAG";

•Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва ширкати австриягии "ASKINDCo" оид ба ҳамкории илмӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Ҳамкории тиҷоратии ду давлат дар ҳоли густариш қарор дошта, содироти Тоҷикистон  ба Австрия асосан аз абрешим, партовҳои абрешимӣ ва алюминий иборат буда, аз Австрия маҳсулоти доруворӣ ва таҷҳизотӣ тиббӣ, мошинҳо барои коркарди хӯрокворӣ ва ғайраро ворид менамояд.

Дар моҳи сентябри соли 2014 дар назди Палатаи федеролии иқтисодии Австрия форуми иқтисодӣ таҳти унвони «Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия 13-15 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст.

Ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия 8-9 ноябри соли 2016 дар ш. Вена баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо С. Назризода иштирок дошт.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, тандурустӣ, саноат ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Дар фароварди ҷаласа Протоколи ҷаласаи комиссия ба имзо расид.

Ҳамчунин, 10 ноябри соли 2016 дар Палатаи федералии иқтисодии Австрия Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия таҳти унвони “Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ҳошияи Форуми иқтисодӣ доираи васеи соҳибкорони тоҷику австриягӣ, намояндагони ширкатҳо ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ҳарду кишвар ширкат доштанд.

Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни доираҳои соҳибкорон, тоҷирон, намояндагони ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Австрия гуфтугӯҳои дуҷониба сурат гирифт.

3-5 апрели соли 2017 намояндагони 20 ширкати истеҳсолӣ ва молрасони таҷҳизот, технология ва хизматрасонӣ таҳти роҳбарии Директори Раёсати тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Палатаи федералии иқтисодии Австрия д-р Михаил Ангерер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 4 апрели соли 2017 Форуми соҳибкорон оғоз гардид, ки он намояндатарин нишасти соҳибкорон байни ду кишвар шуд ва дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷонибаи зиёд байни соҳибкорон барпо гардид.

Ҳаҷми гардиши мол миёни ду давлат дар соли 2016 – 4.7миллионевроро ташкил дод (воридот – 4,4 миллион евро ва содирот – 0,3 миллион евро).

Дар 9 моҳи соли 2017 гардиши мол 2339,4 ҳазор евроро ташкил намудааст (воридот 2168,7 евро ва содирот 170,7 евро).

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 13 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

Муносибатҳои илмӣ ва фарҳангӣ. Сарфи назар аз таъсиси муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар соли 1992, таърихи ин муносибатҳо хеле пештар оғоз гардидаанд. Соли 1972 пойтахтипойтахти замини федеролии Каринтия, шаҳри Клагенфурт ва шаҳри Душанбе муносибатҳои шарикии бародаршаҳрирозамина гузоштанд ва бояд қайд намуд, кишаҳри Клагенфурт аввалин шаҳри аврупоӣ барои Душанбе мебошад, ки бо он муносибатҳои бародаршаҳрӣ барақарор гардидааст ва соли 2017 ба ин муносибатҳо 45 сол (ноябри 1972) мешавад.

22 марти соли 1989 дар чаҳорчӯбаи ҳамкории муштарак Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати шаҳри (магистрат) Клагенфурт ва Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе имзо гардид. Ҳамчун рамзи дӯсти аз ҷониби шаҳри Душанбе дар яке аз боғҳои зебои Клагенфурт чойхона сохта шудааст. Ҳамчунин, 13 марти соли 1993 Протоколи дигар дар бораи ҳамкорӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт барои солҳои 1993-1994 ба имзо расид.

Илова бар ин, Клагенфурт аввалин кишвари Аврупо барои футболбозони Тоҷикистон буд. Дар мобайнҳои соли 1990 ду нафар футболбозони Тоҷикистон аз дастаи «Помир-Душанбе» Александр Азимов ва Валерий Турсунов барои SK Aғstқia Klagӯnfғқt баромад намуданд.

18 сентябри соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои байни Душанбе ва Клагенфурт, сафар ва вохӯриҳоро дар Клагенфурт ташкил намуд.

Дар солҳои минбаъда робитаҳои байни шаҳрҳо мунтазам идома гардида, моҳи июни соли 2017, бародаршаҳрҳотабодули табрикот ва номаҳо ба муносибати таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ба мансаби Раиси шаҳри Душанбе намуда,Бургомистри бародаршаҳр Клагенфуртхонум Мариа Луизе Матиашитс мири шаҳри Душанберо барои иштирок дар ҷашни "500 солагии Клагенфурт" (23 - 25 апрели соли 2018) даъват намуд.

Илм яке аз бахшҳои дигари муҳими ҳамкории Тоҷикистону Австрия мебошад. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ байни ду кишвар ба имзо расидааст ва аввалин олимони австриягӣ моҳи октябри соли 2005 ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Олими сиёсатшинос аз Австрия, Сафир Алфред Миссонг 29 май - 1 июни соли 2006 дар ҳошияи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва маориф ба Тоҷикистон ташриф оварда, зимни сафари мазкур дар муассисаҳои олии Тоҷикистон таҳти унвони "Таърихи дипломатияи Австрия пас аз соли 1945" ва "Раисии Австрия дар Иттиҳоди Аврупо" як қатор лексияҳо гузаронид.

Академияи дипломатии Вена аз соли 1997 бо дастгирии Ҳукумати Австрия, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, курсҳои махсус ва омӯзишҳо барои дипломатҳои ҷавон аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон ташкил менамояд. То ин давра дипломатҳои ҷавон аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 курсҳои Академия иштирок карданд ва охиринбарномаи омӯзишии махсус барои дипломатҳои Осиёи Миён ва Муғулистон аз 19 июни то 7 июли соли 2017 баргузор гардид.

Коршиносон аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба (ноябри соли 2010 ва октябри соли 2013) бо сафарҳои омӯзишӣ ва табодули назар вобаста ба охирин иқдомҳои ислоҳотии низоми маорифи кишварҳо, аз ҷумла ташаккул додани омӯзиш ва омӯзиши касбӣ барои омӯзгорон ба шаҳри Вена ташриф оварданд.

Курсҳои тобистона барои омӯхтани забони олмонӣ як самти дигари ҳамкориҳои маорифи байни ду кишвар буда, муддати солҳо омӯзиши забони олмонӣ дар Донишгоҳи педагогии Тоҷикистон ба номи С. Айниба роҳ монда шудаанд.

Рӯзҳои фарҳангии Австрия дар Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони санъат, фарҳанг ва маорифи Австрия дар таърихи 30 май - 1 июни соли 2011 дар ш. Душанбе баргузор гардиданд.

Рӯзи 19 марти соли 2013 ҷашни Наврӯз ва муаррифии китоби "Хазинаи тиллоии тоҷикон", ки муаллифаш собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мебошад, дар Қасри Белведери Вена барпо гардид.


01.02.2018

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj