Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Олмон

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон моҳи декабри соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Найтҳарт Хёфер-Виссинг мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Маликшо Неъматов мебошад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо).  Сафорати Олмон яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар Душанбе рӯзи 10 июни соли 1993 оғоз намудааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Олмон 6 сентябри соли 1994 кушода шуда, соли 1999 ба шаҳри Берлин кӯчонида шуд.

Ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Моҳи марти соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Э. Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ташриф овард, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд.

3 ноябри соли 2006 ташрифи расмии вазири корҳои хориҷии Олмон - Франк-Валтер Штайнмайер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти ин боздид номбурда бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Э. Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ - Назаров Т. вохӯриҳо анҷом дода, ҳамзамон ба шаҳри Норак сафар кард.

Апрели соли 2008 вазири корҳои хориҷии Олмон - Г. Эрлер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ӯро ҳайати соҳибкорони олмонӣ ҳамроҳӣ кардан.

12 – 15 декабри соли 2011 сафари расмии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба вуқӯъ пайваст. Зимни сафари мазкур Президенти кишвар бо як қатор роҳбарони Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аз ҷумла Канслер - хонум Ангела Меркел ва Президент - Кристиан Вулф вохӯрӣ кард. Инчунин, роҳбари давлат дар бизнес Форуми Тоҷикистону Олмон иштирок намуда, аз як қатор корхонаҳои машҳури Олмон, ба монанди “Bosch”ва “Siemens” дидан кард. Қайд кардан зарур аст, ки дар рафти сафари зикршуда  як қатор санадҳо дар соҳаҳои геология, энергетика, сармоягузорӣ ва тандурустӣ ба имзо расиданд.

24-26 августи соли 2012 ба Душанбе ҳайати Олмон бо сарварии Вазири Федералӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд - ҷаноби Дирк Нибел ташриф овард. Дар ин сафар ҷаноби Дирк Нибелро вакилони Бундестаг, намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони доираи соҳибкорони олмонӣ ҳамроҳӣ карданд. Сафари мазкур бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари расмии ӯ ба Олмон баргузор гардид. Дар рафти сафари худ Вазири Федералӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ барпо намуд. Ҳамчунин, ҳайати Олмон ба корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе ва ба лоиҳаҳое, ки дар шаҳри Қурғон-Теппа аз тарафи ташкилотҳои олмонӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ташриф овард.

30 сентябри соли 2013 сафари кории  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрохон Зарифӣ ба шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор гардид. Дар доираи сафари мазкур Вазири корҳои хориҷӣ бо Бургомистри аввали Ҳамбург - ҷаноби Олаф Шолтс мулоқот намуд.

Инчунин, зимни сафари мазкур Вазири корҳои хориҷӣ дар маросими  ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбург иштирок намуд. Бояд тазаккур дод, ки ин амал яке аз самараҳои татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Олмон дар соли 2011 ва созиши ҷонибҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар тамоми самтҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла барқарор намудани равобит байни минтақаҳои мухталифи ҳарду кишвар арзёбӣ мешавад. Консули фахрии Тоҷикистон дар ҳудуди замини Ҳамбург ва Шлезвиг-Голштейни федералии Олмон - Куруш Пуркиён интихоб гардид.

7-8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Дар кори Конфронс ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Давлати Исроил ширкат варзиданд.

Дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок дошт.

Дар доираи нишасти Берлин тарҳи Эъломияи муштараки Конфронси сатҳи баланд “Об ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ”, ки қаблан мавриди ҳамоҳангии ҷонибҳо қарор гирифта буд, баррасӣ гардид.

13-14 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машваратҳои навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкории молиявию техникӣ баргузор гардиданд.

Дар рафти ин машваратҳо иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, ки моҳи октябри соли 2014 дар шаҳри Бонн ба имзо расида буд, баррасӣ гардида, масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар давраи минбаъда ба хотири рушди устувор муҳокима гардиданд.

Ҷониби Олмон омодагии худро ҷиҳати минбаъд дастгирӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот дар доираи стратегияи миллии миёнамӯҳлати рушд дар давраи солҳои 2016-2022 иброз намуд.

24 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Андреас Пешке машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишвар баргузор гардиданд.

Дар рафти машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, маориф, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Олмон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

17 октябри соли 2017 дар шаҳри Берлин машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеративии Олмон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ ҷаноби Андреас Пешке баргузор гардиданд.

Дар рафти машваратҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, робитаҳои байнипарлумонӣ, энергетика, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Ҳамкории иқтисодӣ.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии омор, дар нӯҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо Олмон - 67727,0 ҳазор доллари ИМА-ро (содирот 198,6 ва воридот 67528,4 ҳазор доллари ИМА) ташкил медиҳад. (дар соли 2016 - ҳаҷми тиҷорат 59387,0 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод: содирот 1049,4 ва воридот 58337,6 ҳазор доллари ИМА).

Соҳаҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ: истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ, ҷорӣ намудани техникаи олмонӣ, истеҳсол ва коркард намудани сангҳои сохтмонии декоративӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосири хориҷӣ ба шумор мераванд.

Аз рӯзи барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон,   маблағи умумии ҷудо намудаи Ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи ҳамкории техникӣ ва молиявӣ ба 100 млн. евро мерасад.

1 июни соли 2010 дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкории техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федералии Олмон, Бонки Бунёди “Access Bank Tajikistan” кушода шуд.

4-5 октябри соли 2011 дар Душанбе Ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба бо мақсади рушди иқтисод миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон кори худро анҷом дод. Дар хотима тарафҳо Протоколи Ҷаласаи байниҳукуматиро ба имзо расониданд.

7-8 декабри соли 2013 дар шаҳри Бонни Олмон гуфтушуниди навбатии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон барпо гардид.

7 октябри соли 2014 созиш дар шакли табодули ёддоштҳо  ҷиҳати аз нав равона кардани маблағҳо барои амалисозии лоиҳаи барқарорсозии НОБ-и Мурғоб аз ҷониби Вазири корҳои хориҷӣ - С.Аслов ва Сафири Олмон дар Тоҷикистон - Ҳ.Грэн ба расмият дароварда шуд.

Таъкид мешавад, ки маблағи умумӣ барои амалисозии лоиҳаи барқарорсозии НОБ-и Мурғоб - 5 миллион Евро муқаррар шудааст.

Гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкории молиявию техникӣ баҳри рушд санаи 28-29 октябри соли 2014 дар ш. Бонн баргузор гардид.

18 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Ҳайати олмониро, ки аз 25 нафар иборат буд, Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон  - профессор Райнер Линдер, ки дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодии Тоҷикистону Олмон саҳми назаррас гузоштааст, роҳбарӣ намуд.

Муносибатҳои байнипарламентӣ. Бояд қайд кард, ки дар муносибатҳои муосир алоқаи байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.

Аз 31 январ то 3 феврали соли 2005 дар шаҳри Душанбе узви Бундестаги Олмон - М. Ветcел бо сафари корӣ ҳузур дошт. Дар рафти боздид ӯ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо сардорони як қатор кумитаҳо вохӯрӣ гузаронид. Дар натиҷаи вохӯриҳои тарафайн ба хулосае омаданд, ки гурӯҳи дӯстии парламентии Тоҷикистон-Олмон таъсис дода шавад.

Дар соҳаи ҳамкории байнипарлумонӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкорию равобити дуҷониба бо Парлумони Ҷумҳурии Федеративии Олмон гурӯҳи дустӣ ва ҳамкориро таъсис дод.

6 феврали соли 2005 бо даъвати Фонди Фридрих Эберт Сардори гурӯҳи парламенти Олмон-Осиёи Марказӣ, узви Бундестаги Олмон - хонум Хади Вегенер ба Душанбе ташриф овард.

Инчунин, 9-11 июли 2009 ҳайати ҳукуматии Олмон бо роҳбарии Котиби давлатии Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушд - хонум Карин Кортманн, Сардори  гурўҳи Олмон - Осиёи Марказӣ -хонум Хади Вегенер ва дигар намояндагони Парламенти Олмон ба Тоҷикистон сафар карданд. Зимни ин сафар ҳайати олмонӣ бо Вазири  рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва намояндагони Маҷлиси  Олӣ мулоқот карданд.

Аз 13 то 17 июни соли 2013 ҳайати Гурӯҳи парлумонии мусоидат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказии Бундестаги Олмон ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Намояндагони Парламенти Олмон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ - Ш. Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷӣ, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар намояндагони расмии ҷумҳурӣ мулоқот намудаанд.

Аз 08 то 11 апрели соли 2017 ҳайати вакилони Бундестаг аз гурӯҳи дӯстии “Олмон ва Осиёи Марказӣ” бо роҳбарии Манфред Грунд ба Тоҷикистон ташриф оварданд.  Зимни боздид ҳайати вакилони олмонӣ бо Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ - Ш. Зуҳуров ва Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов мулоқот анҷом доданд.

Аз 11 то 13 июни соли 2017 вакили Бундестаги Олмон аз Иттифоқи масеҳӣ-демократӣ (ХДС) Юрген Климке аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Зимни сафар Ю. Климке бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар мулоқот анҷом дод.

Ҳамкориҳои ҳарбӣ:

7-8 октябри соли 2014 мулоқоти намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Олмон (Бундесвер) дар Берлин баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масълаҳои ҳамкории соҳавӣ оид ба ташкили курсҳои омӯзишӣ  ва таълимӣ барои мутахассисон ва курсҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, сафарҳои дуҷонибаи ҳайатҳои роҳбариткунандаи вазоратҳои мазкур ба шаҳрҳои Душанбе ва Берлин, кӯмакҳои техникӣ ва гуминитарии Бундесвери Олмон барои таҳкими Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва ғайра муҳокима ва баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо дар ҷамъбасти гуфтушунидҳо лоиҳаи Нақшаи барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Бундесвери Олмон барои соли 2015-ро тартиб додаанд.

Ҳамзамон, дар соли 2015 Хадамоти қувваҳои мусаллаҳи Олмон (Бундесвер) дар доираи ҳамкории ҳарбӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соли 2016 барои сарбозону афсарони Тоҷикистон            6 ҷой дар курсҳои таълим ва такмили ихтисос ҷудо намуд.

Аз моҳи апрели соли 2015 Ҳукумати Олмон баъд аз анҷоми миссияи “Қувваҳои байналмилалии мусоидати амният дар Афғонистон” дар амалиёти байналмилалии “Дастгирии қатъӣ” дар шимоли Афғонистон мисли давлате, ки дар он барномаҳои пилотиро татбиқ менамояд, иштироки фаъолонаро оғоз намуд.

Дар ин ҷода, Ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон изҳор намуданд, ки ҳамкории фаъолонаи ҳарбиро идома дода, ҷиҳати истифода бурдан аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои низомиёни олмонӣ дар ҳолатҳои муайян мисли нуқтаи муваққатӣ барои нақлиёти ҳавоӣ ба мувофиқа расиданд.

10 майи соли 2017 миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон гуфтушунидҳои навбатӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ баргузор гардид.

Муносибатҳо дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм. Ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг ва маориф ба таври амалӣ инкишоф меёбад.

Дар ин самт, инчунин Хадамоти олмонӣ оид ба мубодилаи академиявӣ фаъолона ширкат варзида, ҳамасола дар доираи барномаи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии  донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Аз соли 2010 ҳафтаҳои фарҳангии Олмон дар Тоҷикистон ҳарсола барпо мегарданд.

11 апрели соли 2015 “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Филиппси ш. Марбурги Олмон” ба имзо расид.

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ. Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба ин заминаи шартномавӣ -ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст.

То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур 30 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9-ро созишномаҳои байниидоравӣ ва 1-ро изҳороти муштарак ташкил медиҳанд. Созишномаҳо соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд.


01.11.2017

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj