Тоҷикӣ | Русский | English  

Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ (19-26 майи соли 2016 )

19-20 майи соли 2016 – ташрифи ҳайати Россия таҳти роҳбарии Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Олегович Рогозин барои ширкат дар нишасти XIV Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  

19-21 майи соли 2016 – ташрифи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа ҷиҳати иштирок дар нишасти XIV Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

23-24 майи соли 2016 – ташрифи Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия В.А.Колоколсев барои иштирок дар ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия   

23-26 майи соли 2016 – ташрифи роҳбарони соҳаҳои алоқаи давлатҳои ИДМ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони маъмуриятҳои алоқаи Иттиҳоди минтақавии соҳаи алоқа

24 майи соли 2016 – ташрифи Муовини вазири корҳои хориҷии Олмон Андреа Пешке барои иштирок дар машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олмон

24-26 майи соли 2016 – сафари расмии Раиси Парламенти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдулло Муҳаммад ибни Оли Шайх
  

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj