Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронӣ дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи КАСА -1000

Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ - Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,

Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон,

Муҳтарам Сооронбай Шарипович Жээнбеков - Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон,

Хонумон ва ҷанобон,

Нахуст, ҳамаи шуморо дар сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Моҳи майи соли гузашта мо дар якҷоягӣ ба раванди татбиқи тарҳи КАСА-1000, ки намунаи ҳамкории воқеӣ ва самараноки кишварҳоямон дар ростои манфиатҳои мардумони мо мебошад, ҳусни оғоз бахшидем.

Тарҳи КАСА-1000, дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин моро бо пули мустаҳками энергетикӣ пайваст хоҳад кард ва ҳамкориҳоро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳимми кишварҳои мо вусъат хоҳад бахшид. 

Ҳамчунин, тарҳи КАСА-1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад ва тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқро дар арсаи ду минтақа ба ҳам хоҳад овард.

Тоҷикистон имкон дорад тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.

Дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 Аллакай ду неругоҳи барқи обии миёна ва силсилаи неругоҳҳои хурд бо иқтидори зиёда аз 1200 мегаватт сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. 

Мо ба нақша гирифтаем, ки дар охири соли 2018 агрегати аввали  неругоҳи бузурги  Роғунро  ба истифода диҳем.

Ҳамзамон ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли неруи барқ чандин лоиҳаҳо мавриди иҷро қарор доранд ё ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳаҷми умумии сармояи барои ин мақсадҳо ҷалбгардида беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳамаи ин имкониятҳои моро дар ҷодаи тавлиди «энергияи сабз» бамаротиб зиёд менамояд.

Таъкид карданиам, ки аз рӯйи фоизи истеҳсоли он кишвари мо, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой гирифтааст.

Беназирии Барномаи КАСА- 1000 дар он аст, ки ин тарҳ ба тавозуни истеҳсоли неруи барқ дар кишварҳои Осиёи  Марказӣ ва истеъмоли он дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки ба камбуди ҷиддии неруи барқ мувоҷеҳанд, мусоидат мекунад.

Ин тарҳ дар ҳалли фарогири мушкилиҳои мубрами иқтисодию иҷтимоӣ таъсири матлуб мегузорад.

Таъмини дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҷумлаи чунин масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, метавон изҳор намуд, ки тарҳи КАСА-1000 барои иҷрои саривақтии ҳадафу вазифаҳои рушди устувор, ки моҳи сентябри соли 2015 дар ҳошияи Маҷмааи умумии СММ таъйид шуданд, мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷумла, татбиқи Лоиҳа талошҳои моро ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафи ҳафтуми Рушди Устувор, ки тибқи он то соли 2030 бояд дастрасии умумӣ ба барқи арзону муосир таъмин шавад ва ҳиссаи неруи таҷдидшаванда дар тавозуни энергетикии ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёбад, ҳамаҷониба тақвият мебахшад.

Дар баробари ин, лоиҳаи КАСА-1000 омили ҷорӣ намудани меъёрҳои нави тиҷоратӣ ва фанновариҳои муосир дар иқтисодиёт мебошад.

Бо истифода аз фурсат, мехостам нақши муҳими шарикони рушдро дар таҳия ва татбиқи Лоиҳа қайд намоям ва аз онҳо барои дастгирии фаъол ва ҳамкории пурсамар изҳори сипос намоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Имрӯз мо дар ин ҷо ба ҳадафи арзёбии ҷараёни иҷрои нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда ва табодули афкор оид ба вазифаҳои муҳимму афзалиятноки лоиҳаи КАСА-1000 ҷамъ омадем.

Аз вохӯрии ахири мо як сол сипарӣ шуд ва дар ин муддат коршиносон ва вазорату идораҳои салоҳиятдори кишварҳои мо вазифаҳои муҳимро иҷро намуданд.

Дар ин замина мехоҳам, масъалаи гузаронидани  тендерҳо (озмунҳо), инчунин ба анҷом расидани раванди муайян кардани  пудратчӣ (паймонкор) барои сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддат дар қаламрави Афғонистонро, ки 550 км тӯл мекашад,  қайд намоям.

То охири сол арзёбии дархостҳои тендерӣ оид ба сохтмони зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва дигар хатҳои интиқоли барқ ба анҷом хоҳад расид.

Вале, аз назари мо, раванди татбиқи Лоиҳа аз муҳлати пешбинишуда ақиб мемонад.

Аз ин хотир зарур мешуморем, ки ба кундшавии раванди татбиқи лоиҳаи КАСА -1000 имкон надиҳем ва талошҳои муштаракро дар самтҳои ҷудогона тақвият бахшем.

Бо истифода аз фурсат, мехостам мулоҳизаҳои зерини  худро дар ин маврид иброз намоям:

Нахуст, ҳамаи чорабиниҳо бояд тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда амалӣ шаванд;

Дуввум, мувофиқи мақсад медонем, ки қарорҳои дахлдор қабул шаванд ва ҳарчи зудтар бунёди ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад.

Сеюм, мо пешниҳод мекунем, ки талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар дохили ин кишвар, ки ҷузъи таркибии ин тарҳ маҳсуб мешавад ва расмиёти тендерии он ба анҷом расидааст,  ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд.

Чорум, лоиҳаи КАСА-1000, ки дар асл нодир аст, истифодаи самараноки механизм ва усулҳои нав, дарёфти роҳои ҳалли мутақобилан судманд, мувофиқатшуда ва муосирро талаб мекунад.

Панҷум, сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ мегузорад.

Барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои Лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст.

Шашум, таҷрибаи пешбурди лоиҳаи КАСА-1000 дар солҳои охир нишон дод, ки баррасии роҳҳои муносибгардонии фаъолияти василаҳои идоракунии Лоиҳа зарур аст.

Шароити тағйирёбандаи берунӣ ва минтақавӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир аз мо иқдомҳои муассир ва қатъиро ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра анҷом додани Лоиҳа тақозо мекунад.

Тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳар сол бо сабаби ба таъхир афтодани татбиқи Лоиҳа кишварҳои аъзо, дар маҷмӯъ, беш аз 500 миллион доллари ИМА зарар мебинанд.

Аз ин рӯ, мо пешниҳод мекунем, ки вохӯриҳои мунтазами шахсони расмии чаҳор кишвар, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро доранд, баргузор шаванд.

Илова бар ин, пешниҳод дорем, ки имконияти баргузории вохӯриҳои ҳарсолаи сатҳи баланди кишварҳои иштирокчии Лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар хотима мехостам таъкид намоям, ки тарҳи КАСА-1000 на танҳо низомҳои энергетикии моро ба ҳам мепайвандад, балки метавонад қадами аввалин дар ҳамгироии воқеӣ ва мутақобилан судманди  кишварҳои ду минтақа ба нафъи наслҳои имрӯза ва ояндаи онҳо  гардад.

Татбиқи самаранок ва саривақтии Лоиҳа  намунаи дурахшони ҳамбастагии мо дар дастёбӣ ба рушди устувор мебошад.

Мо дар воқеъ умед дорем, ки ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар ин масъалаи муҳим ва стратегӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj