Тоҷикӣ | Русский | English  

Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи «Жэнмин жибао»

Қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Женмин жибао» ҷавоб доданд.

«Жэнмин жибао»: Чин барои ҳамкории ошкорову самимӣ таҳти шиори «БРИКС+» баромад карда, муколамаи кишварҳои аъзои БРИКС-ро бо дигар кишварҳои иқтисодиёташон рӯ ба инкишофбуда дастгирӣ мекунад. Дар Ҳамоиши навбатӣ кишварҳое даъват шуданд, ки иқтсодиёташон дар ҳоли ташаккул мебошад, аз ҷумла Тоҷикистон. Шумо ин ташаббуси Чинро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва аз муколама бо кишварҳои БРИКС чӣ натиҷаҳоро мунтазиред?

Э. Раҳмон: Ташаббуси Чин барои ташкил намудани муколама байни кишварҳои аъзои БРИКС ва кишварҳои иқтисодиёташон рӯ ба рушдбуда лоиқи дастгирии ҳамаҷониба мебошад. Боварӣ дорам, муколамаи мазкур, ки ба мақом, моҳият ва муттаҳидии БРИКС баҳои хосса мебахшад, ҳамчун заминаи боэътимод баҳри роҳандозӣ кардани ҳамкории мутақобила, созанда, манфиатовар, таъмини амният ва субот, рушди бомароми иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои гуногун дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои нав хизмат мекунад. Маҳз ҳамин гуна натиҷаҳоро мо аз Ҳамоиши навбатӣ мунтазир ҳастем. Ҳамчунин мо умед дорем, ки вобаста ба натиҷаи мулоқотҳо роҳҳои босамари мубодилаи таҷрибаро ҷиҳати амалӣ кардани стратегияи миллии рушд, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди «иқтисоди сабз», ҳавасмандгардонии тиҷорат, сармоягузорӣ, рушди захираҳои инсонӣ, инчунин бештар намудани муколамаи байни доираҳои иқтисодии кишварҳоямонро муайян кунем.

«Жэнмин жибао»: Ҳамкорӣ дар доираи ҳамоиши БРИКС чӣ тавр метавонад муносибатҳои байни Чин ва Тоҷикистонро ба сатҳи нав бардорад?

Э. Раҳмон: Иштироки Тоҷикистон дар Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои БРИКС, ки дар ҳоли рушди иқтисодии рӯзафзун қарор дошта, дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошанд, барои таъмини некуаҳволии халқҳо аҳамияти хосса дорад.

Мо боварӣ дорем, ки истифодаи чунин имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ, аз ҷумла созмони БРИКС, бешубҳа, барои муносибатҳои дуҷонибаи мо ҷиҳати тақвияти бештар ва минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобила, бештар намудани тиҷорат ва сармоягузорӣ, таъмини рушди босубот ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқҳоямон таъсири мусбат мебахшад.

Илова ба ин, ҳамкории мо дар доираи БРИКС ҷиҳати дар якҷоягӣ татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳое, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва истифодаи шаклҳои устувори истеҳсолоту истеъмол равона шудаанд, барои ворид кардани технологияҳои нав дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, ҳифз ва истифодаи дурусти захираҳои табиӣ мусоидат карда метавонад.

«Жэнмин жибао»: Шумо боз бо Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин мулоқот мекунед. Дар мулоқоти навбатӣ Шумо кадом масъалаҳоро баррасӣ мекунед ва аз натиҷаҳои он чиро интизоред?

Э. Раҳмон: Пеш аз ҳама мехоҳам таъкид намоям, ки эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи бесобиқа олӣ расиданд. Ба ин, пеш аз ҳама, сафарҳои мунтазам ва мутақобилаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ мусоидат карданд. Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи сентябри соли 2014 ба Душанбе ба ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳое, ки ҳам ба манфиати мардумони мо ва ҳам ба манифати таъмини сулҳу субот дар минтақа равона шудаанд бешка такони ҷиддӣ бахшид.

Ман хеле шод ҳастам, ки бо сафари ҷавобии давлатӣ, бо даъвати дӯстам, ҷаноби Си Ҷинпин дар Чин қарор дорам. Гуфтушунидҳо дар Пекин, ки ман боварии комил дорам дар фазои барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хос, яъне дар фазои форам ва дӯстии самимона баргузор мешаванд барои мо имкониятҳои беҳтареро ҷиҳати баҳо додан ба натиҷаҳои рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Чин дар давоми солҳои охир фароҳам оварда, вазифаҳои навро барои тақвият додани шарики стратегии мо муайян месозад. Рафти татбиқи шартномаҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, чорабиниҳои якҷояро, ки баҳри амиқ намудани шарики Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ – сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мудофиа ва амният, фарҳанг ва маориф, ва рушди муносибатҳои байниминтақавӣ равона шудаанд, мувофиқа мекунем.

Бо ин мақсад санадҳои нави байнидавлатӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида мешаванд.

Тоҷикистон, тавре ки маълум аст, яке аз аввалинҳо шуда Меморандум оид ба татбиқи якҷояи ташаббуси роҳбари Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро имзо кард ва мо умед дорем, ки дар рафти гуфтушунидҳо ҳамчунин роҳҳои дар якҷоягӣ бо ҳамдигар дар амал татбиқ кардан ин ташаббуси таърихии Чин ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Чунин тарзи ҳамкорӣ бешубҳа барои ҳамалоқамандӣ ва тараққиёти якҷояи кишварҳо мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, кишварҳои мо дар арсаи байналмилалӣ бо ҳамдигар ҳамдигар муносибатҳои зич дошта, якдигарро дастгирӣ мекунанд, хусусан дар масъалаҳое, ки барои ҳар ду кишвар манфиатдор мебошанд. Бинобар ҳамин, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ дар рафти гуфтушунидҳои мо дар назар дошта шудааст.

«Жэнмин жибао»: Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба ташаббуси ҷониби Чин «Як камарбанд, як роҳ» чӣ гуна аст? Дар доираи он кадом барномаҳо ва лоиҳаҳои якҷоя амалӣ карда мешаванд?

Э. Раҳмон: Ҳоло мо, якҷоя бо шарикони сатҳи байналхалқӣ, ҷиҳати амалӣ кардани як қатор лоиҳаҳои азими инфрасохтории аҳамияти минтақавӣ дошта кор карда истодаем. Мо ҳамеша, ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии минтақавӣ дар асоси манфиатҳои ҳамдигарӣ, равона шудаанд, дастгирӣ мекардем ва онҳоро пуштибонӣ мекунем.

Бинобар ин мо, ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин «Як камарбанд, як роҳ», ки барои ҳалли ҳадафҳои стратегӣ – таҳия ва якҷоя амалӣ кардани барномаҳои рушди иқтисодии мо равона шудааст, баҳои хеле баланд медиҳем.

Тоҷикистон, дар чорроҳаи Осиё қарор дорад ва метавонад пайвандгари Чин бо дигар кишварҳои ҳамсарҳади минтақа бошад.

Бешубҳа яке аз шартҳои асосии стратегияи рушди некуаҳволии мардумон ба таври устувор ва муназзам фаъолият доштани сохтори босуботи нақлиёти миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани роҳҳои мошингузар ва дигар инфрасохторҳои нақлиётии Тоҷикистон ва мубаддал гардонидани кишвари мо ба кишвари транзитӣ як зумра лоиҳаҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин маврид, Тоҷикистон ҷиҳати бештар намудани муносибатҳои мутақобилаи минтақавӣ, аз ҷумла, бо роҳи бунёд кардани долонҳои нақлиётӣ, ки кишварҳои моро бо дигар мамлакатҳои минтақа мепайванд, ҳамеша омодаи ҳамкорӣ мебошад, ки ин дар навбати худ барои такон додан ба ҷараёни рушди иқтисод ва боло бурдани сатҳи некаҳволӣ мусоидат мекунад.

«Жэнмин жибао»: Оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният. Зимни мубориза ба муқобили «се нерӯи бадӣ» — интиқоли маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ кадом хатарҳо рӯ ба рӯ бо кишварҳои мо истодаанд? Шумо ба ҳамкориҳои минбаъди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чин ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Э. Раҳмон: Тоҷикистон ва Чин якдилона чунин мешуморанд, ки, «се қувваи бадӣ», ҳамчунин, интиқоли маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ барои амният ва суботи ду кишвар ва дар умум, минтақа хатар доранд. Барои мубориза ба ин хатарҳо ва бартараф намудани онҳо мо омода ҳастем, ҳамкориҳо байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бахши амният тақвият дода шаванд, ҳамчунин муколама ва муносибатҳои корӣ байни идораҳои дахлдор амиқ карда шаванд.

Дар ин самт мо лоиҳаҳои якҷояро оид ба тақвият додани имкониятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла омода намудани кадрҳо, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва дигар хатарҳои минтақавӣ мунтазам пешниҳод мекунем. Бо ин мақсад мо азм дорем фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравиро тақвият бахшем ва роҳҳои амалӣ кардани ҳамкории кишварҳоро дар ин самт беҳтар намоем.

Бояд гуфт, ки ҳамкории мо бо ҷониби Чин дар бахши таъмини амният ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷонида ҳам дар заминаи алоқаҳои бисёрҷониба пеш бурда мешаванд. Боварӣ дорем, ки танҳо бо ҳамин роҳ дар кори таъмин намудани амнияти умумӣ ба муваффақиятҳо ноил шудан мумкин аст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj