16 июни соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Филпоттро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва амният изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамзамон гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.