Тоҷикӣ | Русский | English  

Сӯҳбати телефонии Президент бо Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд

22 июли соли 2017 гуфтугуи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои  ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳамчунин  ба  масоили мубрами байналмилалӣ ва  минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ,  мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар намуданд.  

Дар хотимаи суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар замони барояшон муносиб даъват ба амал овард.

Гуфтугуйи телефонӣ дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj