Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафири Тоҷикистон эътиборномаи худро ба Раисҷумҳури Эфиопия супорид

Раиси Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Мулату Тешоме 9 августи 2017 дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозириро қабул намуд.

Дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия мусоидат кунад.  Бо ишора ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, Раисҷумҳури Эфиопия ба аҳаммияти ҳамкории ду давлат дар ин замина дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Дар поёни суҳбат Раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар карда, хоҳиш намуд, ки дуруду паёми ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj