Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Самарқанд

9 ноябри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 10 ноябри соли ҷорӣ дар ш.Самарқанд баргузор мегарданд, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.   
Дар рафти чорабиниҳои зикргардида суханронии Вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ инъикос хоҳад ёфт.

Зимни сафар инчунин як зумра вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов дар назар гирифта шудааст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj