Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА

8 ноябри  соли 2017 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА, Мирча Чиопрага, баргузор гардид.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин барномаи ТРАСЕКА доир ба бунёди коридори нақлиётии Аврупо-Кавказ-Осиё, баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои бунёдии инфрасохторӣ баҳри пайвастани роҳҳои оҳану мошингард дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин механизми ҷалби сармоягузориро барои амалисозии онҳо  муҳокима намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj