Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар

5 декабри соли 2017 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» - Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат масоили таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуданд.

Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ҷаззобияти сармоягузорӣ ва тавсеаи зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъол намудани равобити дуҷониба ва байниминтақавӣ махсус қайд кард.  Шайх Файсал Оли Сонӣ изҳор намуд, ки соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо алоқамандии зиёд доранд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар наздиктарин фурсат зарур шумориданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj