Тоҷикӣ | Русский | English  

Дар бораи Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ

17 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад.

Рӯзномаи Иҷлосия мавзӯъҳои раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои аъзои СҲИ ба имзо расидаанд; муносибатҳои Котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ; ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ; фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ; пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади “Диди СҲИ 2025”, бармеоянд; қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон; инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмонро дарбар мегирад.

Пеш аз Иҷлосияи Шӯрои Вазирон санаи 16 апрел мулоқоти кормандони аршади кишварҳои аъзо баргузор мешавад.
Ҳамчунин, дар ростои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар чорчуби Иҷлосияи мазкур 16-17 апрели соли 2018 дар “Боғи Ирам” Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои СҲИ баргузор мегардад.
       

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj